Шиносоӣ бо рафти таҷрибаомӯзии курсантон
Рӯзи 3-юми апрел дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вохӯрии устодони Академияи ВКД бо курсантони курси 5-уми факултаи 2-юми ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки таҷрибаомӯзиашон дар шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе гузашта истодааст, баргузор гардид.
Нахуст, муовини сардори шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии РВКД дар шаҳри Душанбе подполковники милитсия Бибиноз Хушвахтова баромад намуда, қайд кард, ки худ хатмкардаи факултети 1-уми Академия буда, имрӯз дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ содиқонаву софдилона хизмат намуда истодааст.
Мавсуф, ҳамчунин иброз намуд, ки курсантоне, ки имрӯз ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, бояд нозукиҳои ин пешаи интихоб намудаашонро дуруст аз бар намоянд. Курсантоне, ки имрӯз таҷрибаи корӣ меомӯзанд, бояд дар фаъолияти касбӣ рафтору гуфтори нек ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дошта бошанд.
Дар идомаи ин вохӯрӣ муовини сардори Академияи ВКД полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ дар бораи натиҷаҳои якмоҳаи таҷрибаомӯзии курсантон дар ШВКД-ҳои пойтахт изҳори андеша намуда, афзуд, ки таҷрибаомӯзӣ яке аз давраҳои гузариш аз назария ба амалия мебошад. Ҳар як курсанте, ки дар ШВКД-ҳои пойтахт ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шудааст, бояд аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хуб таҷриба омӯзад, то ки дар фаъолияти минбаъдаи хеш ба мушкилӣ дучор нагардад.
Дар рафти ин вохӯрӣ сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети 2-и Академияи ВКД генерал-майори милитсия Атобек Имомёрбеков низ суханронӣ намуда, қайд кард, ки курсантони курси 5-ум бояд он донишу малакаеро, ки дар назария гирифтаанд, дар амалия татбиқ намоянд, зеро баъд аз тамом намудани ин таҷрибаомӯзӣ, курсантон, аллакай соҳибкасб мегарданд.
Дар оянда он курсантоне, ки ҳангоми таҷрибаомӯзӣ аз худ малакаи хуб нишон дода тавонистанд, аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД қадрдонӣ карда мешаванд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ муовинони сардорони ШВКД-ҳои навоҳии шаҳри Душанбе баромад намуда, аз таҷрибаомӯзии курсантони Академия қаноатмандӣ намуда, назари хешро чунин изҳор карданд:
"Курсантони таҷрибаомӯзи имсола аз ҷиҳати саводнокӣ ва иҷрои вазифаҳо хеле фарқ мекунанд, хеле фаъол ҳастанд ва дорои одобу ахлоқи намунавӣ низ мебошанд".
Тоҷиддин ЛАТИПОВ,
София ШОИКОВА