Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилояти Суғд ба курсантони факултети №4 Академияи ВКД
17 майи соли 2024 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилояти Суғд барои соли таҳсили 2023-2024, баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо донишҷӯён ва курсантон изҳор дошт, ки ҷавонони кишвар, аз ҷумла ҷавонони вилояти Суғд дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим доранд.
Таваҷҷӯҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрӯз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷӯёну курсантон, магистрантон ва аспирантон дар қаламрави кишвар эътибори бештар зоҳир гардида, иқтидор ва имкониятҳои онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ босамар истифода мегардад.
Дар солҳои охир ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи донишҷӯёну курсантон, магистрантон ва аспирантони фаъолу бомаърифат ва мусоидат барои ташаккули фикриву эҷодии онҳо аҳамияти махсус зоҳир карда мешавад.
Бо пешниҳоди сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон 14 нафар довталабон дар озмуни стипендияи Раиси вилоят иштирок намуда, аз онҳо 6 нафар курсантони фаъол аз курсҳои 2, 3 ва 4 факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияҳои қаторӣ Абдуҷабборов М.А., Ҷабборзода О.А., Давронзода Б.М., Қувватбекзода Ш., Розиқзода А.А. ва Мирзобекзода М. А. ба гирифтани стипендияи мазкур аз ҷониби комиссия интихоб шуданд.
Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз мулоқоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар таъкид кард, ки равандҳои таҳаввулоти ҷомеаи имрӯз тақозо дорад, ки корҳои таблиғотӣ, маърифатию фаҳмондадиҳӣ бояд дар маркази таваҷҷӯҳи ҷавонони фаъол, онҳое, ки ба ояндаи миллату давлати хеш бетараф нестанд, қарор гирад ва пеши роҳи ҳама гуна хурофотпарастӣ гирифта шавад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки донишҷӯёну магистрантон, олимону аспирантони ҷавони вилоят ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро амиқ эҳсос намуда, бо дарки рисолати аслии донишу илмомӯзӣ ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда пешвоз мегиранд.
Самадзода И.А., сарнозири маркази бақайдгирӣ ва машваратии қисми таълимии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия