Баргузории викторина бахшида ба Рӯзи ҷавонон
17 майи соли 2024 аз ҷониби кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ дар толори Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, викторина бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар мавзӯи «Саҳми дружиначиёни ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» бо иштироки ҳайати омӯзгорони факултет ва курсантони курси сеюми Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.
Чорабинии мазкурро муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД оид ба қисми таълим, н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю. кушода эълон намуда, аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мақомоти корҳои дохилӣ ёдрас гардид.
Қайд карда шуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз дар соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ мақоми хосаро касб менамояд ва мову шуморо зарур аст, ки баҳри беҳтару хубтар омода намудани мутахассисон дар ин самт ҷаҳду талош намоем.
Баъдан таҳти ровигии муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, капитани милитсия Маъруфзода Маъсумахон Маъруф аъзоёни гурӯҳ ба саҳна давъат гардида, муаррифӣ карда шуданд. Як гурӯҳ бо номи «Ҳомии тартибот» ва дигаре бо номи «Ҳимоятгари Ватан» аз ҳисоби аъзои маҳфили кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ иборат буданд.
Викторина дар се давра доир гардид:
1. Саломнома (худмуаррифии) гурӯҳҳо;
2. Омода ва пур намудани крассворд;
3. Саволу ҷавоб бо гурӯҳҳо.
Сипас байни гурӯҳҳои «Ҳомии тартибот» ва «Ҳимоятгари Ватан» мусобиқа баргузор гардид.
Дар охир муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим, н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю. викторинаро ҷамъбаст намуда, доир ба муваффақиятҳои омӯзгорони кафедра суханронӣ кард ва ғолибони озмунро ба ҳайати шахсӣ эълон намуд.
Баъди ҷамъбасти озмун аз тарафи сардори Раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосид Ғафуров ба ҳайати гурӯҳҳо ва ғолибони озмун тӯҳфаҳои хотиравӣ бо Сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Маъруфзода М.М., муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии Факултети №4, Академияи ВКД, капитани милитсия