Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни «Маърифати ҳуқуқӣ ва рушди ҳуқуқҳои кӯдак»

114515-16-уми майи соли 2024 бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ ва Ҳукумати Шветсария озмуни илмӣ-зеҳнӣ дар мавзӯи «Маърифати ҳуқуқӣ ва рушди ҳуқуқҳои кӯдак» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Озмуни мазкур дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати эълон гардидани соли 2024 – «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ташкил карда шуд.

Озмуни мазкур дар се бахш: рақобати даставӣ миёни донишҷӯён, таҳияи навори видеоӣ ва навиштани эссе дар мавзӯи «Мусоидат барои татбиқ накардани адолати судии ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғоне, ки кирдорҳои начандон вазнин содир кардаанд» баргузор гардид. Курсантони Академияи ВКД Раҷабов Х., Саидов Т., Юсупов С., Аловхонзода А., Бердиёров Б., Абдулаҳадзода Л., Аҳтамшозода Н. ва Тавакалзода М. фаъолона дар ҳама бахшҳои озмун иштирок карданд.
Дар бахши аввал, рақобати даставӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе курсантони факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Х., Саидов Т., Юсупов С., Аловхонзода А. ва Бердиёров Б. дар ҳайати як даста бо шумори 5 нафар бо номи дастаи «Дониш» бо 11 дастаи дигар аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе байни ҳамдигар аз рӯи шартҳои озмун рақобат намуданд.
Шартҳои бахши аввал, яъне рақобати даставии байни донишҷӯён муаррифии даста ва шарҳи номи он, донистан ва шарҳи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳалли масъалаи ҳуқуқӣ, ҳалли крассворд ва ҷавоб гардонидан ба саволҳои тестиро дар бар мегирифт.
Дар натиҷаи рақобати байни 12 даста курсантони факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм ва бо гирифтани Сипоснома ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ сазовор гардиданд.
Абдулаҳадзода А.А., сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...