Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дави миллӣ» заминаи ташвиқи ҳаёти солим

1144Бояд иброз намуд, ки зери сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолии кишвар Рӯзи «Дави миллӣ» баргузор мегардад. Имсол ин чорабинии оммавӣ дар саросари мамлакат рӯзи 19-уми май ба истиқболи Рӯзи ҷавонон баргузор гардид.

«Дави миллӣ» дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 28 марти соли 2007 № 255 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ», бо дарназардошти оммавӣ гардонидани намуди варзиши дав дар кишвар бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 19 майи солӣ ҷорӣ дар саросари кишвар «Дави миллӣ» ва «Марофони велосипедронӣ» бо иштироки наврасону ҷавонон ва намояндагони соҳаҳои гуногун баргузор гардид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ баҳри ташвиқу тарғиби ҳаёти солим пайваста бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор чораандешӣ менамояд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» аз 23 декабри соли 2021, № 1831, инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №566 «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №414 «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардидаанд, ки ҳадаф аз қабули ин санадҳо ташвиқи ҳаёти солим ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» бевосита дарҷ гардидааст, ки тарбияи ҷисмонӣ – қисми таркибии фарҳанг ва соҳаи фаъолияти иҷтимоӣ буда, аз маҷмӯи арзишҳои маънавие иборат аст, ки ба таҳкими саломатӣ, инкишофи қобилияти ҷисмонии инсон, инчунин, интихоби тарзи ҳаёти солим равона гардидааст. Гузашта аз ин дар «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» омадааст, ки амалисозии Барнома шаклҳои муосири роҳнамоиро ба манфиати солимии ҷомеа тақозо менамояд, ки тибқи онҳо ғамхорӣ оид ба солимӣ ва беҳбудии шаҳрвандон на танҳо масъулияти давлат, балки тамоми ҷомеа ва ҳар як фард дар алоҳидагӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, бо мақсади амалигардонии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти варзиш кормандону шунавандагон ва курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои кишвар дар «Дави миллӣ» фаъолона иштирок намуданд.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...