Иштирок дар « Дави миллӣ-2024 »
Аз тарафи роҳбарият ва устодони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам барои тарғиби ҷавонон дар руҳияи баланди худогоҳии миллӣ, ривоҷу равнақ додани варзиш ва оммавӣ гардонидани варзиши сабук, кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Иҷроиши нақшаи корӣ дар соли хониши 2023 - 2024 нишон дод, ки тибқи нақшаҳои тасдиқшуда ҳамарӯза барои иҷрои чорабиниҳо барои ҳайати тағйирёбандаи факултет аз тарафи роҳбарияти факултет ва кафедраи Омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ чорабиниҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида шудаанд. Ба ғайр аз ин курсантони факултет ҳамеша дар ҳамаи чорабиниҳои варзишие, ки дар миқёси шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд гузаронида мешавад, фаъолона иштирок менамоянд.
Оиди ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, таҳти № 225 «Дар бораи Рӯзи дави Миллӣ», бахшида ба 34 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дастури Раиси вилояти Суғд баҳри ташвиқу тағриби ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиши сабук, санаи 19.05.2024, 150 (як саду панҷох) нафар курсантон ва 10 (даҳ) нафар афсарони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳбарии бевоситаи муовини сардори факултети № 4 оид ба таълим ва илм, н.и.т.,полковники милитсия Юсуфзода А.Ю. дар Дави Миллӣ иштирок намуданд.
Дави миллӣ соати 08.30 аз назди бинои «Ҳавзи шиноварӣ» оғоз ёфта тавассути кӯпруки «Юбилейный» то назди бинои Ҳукумати вилояти Суғд анҷом ёфт. Дар дави миллӣ намояндагони ҳамаи корхонаву муассиса, донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд ва шаҳрвандони алоҳидаи сину соли ҳархела ҷамъ омада буданд, ки маркази шаҳри Хуҷанд як намуди идонаро шабоҳат медод. Пеш аз оғози дави миллӣ раиси вилояти Суғд, РаҷабойАхмадзода баромад намуда, баҳри ташвиқу тарғиби ҳаёти солим, тарбияи ҷавонан дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, инчунин оиди дастуру супоришҳои Президенти давлат, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ намуд. Ҳамчунин номбурда қайд намуд, ки дар солҳои охир таваҷҷӯҳи Роҳбарияти давлат ва ҳуқумат ба варзиш ниҳоят зиёд шуда истодааст ва бевосита барои машғул шудани ҷавонон ба варзиш, ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шудааст.
Дар дави миллӣ курсантони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд. Дар рӯзи баргузории дави миллӣ курсантон бо низом, сарҷаъмона , бо парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шиорҳои варзишӣ, бо роҳбарии сардорони воҳидҳои низомӣ, сардори кафедраи Омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ, подполковники милитсия Сатторзода И.С. ва кормандони кафедра Муминов Д.А., Орзизода Х.О., Олимзода М.А. Сайфиддинзода С ва омӯзгорони факултет, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуданд.
Сардори кабинети кафедраи
Омодагии касбӣ ва ҷисмонии
факултети № 4,
лейтенанти калони милитсия Олимзода М.