Саҳми дружиначиёни ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 17.05.2024 сол аз ҷониби кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ дар толори Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Викторина бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар мавзуи «Саҳми дружиначиёни ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» бо иштироки ҳайати омузгорони факултет ва курсантони курси сеюми Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд. Чорабинии мазкурро муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим, н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю., кушода эълон намуда аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мақомоти корҳои дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдрас намуданд, инчунин қайд карданд, ки мақомоти корҳои дохилӣ имруз дар соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ мақоми хосаро касб менамояд ва мову Шумоёнро зарур аст, баҳри беҳтару хубтар омода намудани мутахассисон дар ин самт кушишҳои худро ба маротиб зиёд гардонем.
Баъдан таҳти ровигии муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, капитани милитсия Маъруфзода Маъсумахон Маъруф аъзоёни гуруҳро ба саҳна давъат намуда, муаррифӣ карда шуд, ки яке бо номи «Ҳомии тартибот» ва дигаре бо номи «Ҳимоятгари Ватан» аз ҳисоби аъзоёни маҳфили кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ буданд.
Викторина аз се давра иборат буд:
1. Саломнома (худмуаррифии) гуруҳҳо;
2. Омода ва пур намудани красворд;
3. Саволу ҷавоб бо гурӯҳҳо
Сипас бо гуруҳҳои «Ҳомии тартибот» ва «Ҳимоятгари Ватан» мусобиқа ба миён омад.
Дар охир муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим, н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю., викторинаро ҷамъбаст намуда доир ба муваффақиятҳои омузгорони кафедра ҳарф зада таъкид намуд, ки чунин озмунҳо бештар байни курсантон гузаронида шавад, то ки курсантон нисбат ба касб ва хониш эътибори махсус зоҳир намоянд ва ғолибони озмунро ба ҳайати шахсӣ эълон намуд.
Таъкид карда шуд, ки ин тавр чорабиниҳо бо дигар Донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд ҳам бештар ташкил ва гузаронида шавад.
Баъди ҷамъбасти озмун аз тарафи Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд мӯҳтарам Абдувосид Ғафуров ба ҳайати гурӯҳҳо ва ғолибони озмун тӯҳфаҳои хотиравӣ бо сипосномаҳо супорида шуд.
Муаллими кафедраи ҳуқуқи
маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ
капитани милитсия Маъруфзода М.М.