Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилояти Суғд ба курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилояти Суғд ба курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 17 май дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилояти Суғд барои соли таҳсили 2023-2024 баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо донишҷӯён ва курсантон изҳордошт, ки ҷавонони кишвар, аз ҷумла ҷавонони вилояти Суғд дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим доранд.
Таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлати ҷавонон имрӯз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, бафаъолияти ҷавонон, ба хусус донишҷӯёну курсантон, магистрантон ва аспирантондар қаламрави кишвар эътибори бештар зоҳиргардида, иқтидор ва имкониятҳои онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ босамар истифода мегардад.
Дар солҳои охир ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи донишҷӯёну курсантон, магистрантон ва аспирантони фаъолу бомаърифат ва мусоидат барои ташаккули фикриву эҷодии онҳо аҳамияти махсус зоҳир мегардад.
Бо пешниҳоди сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон аз 14 нафар довталабон ба озмуни мазкур иштирок намуда аз онҳо 6 нафар курсантони фаъол аз курсҳои 2,3 ва 4 факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияҳои қаторӣ Абдуҷабборов М.А., Ҷабборзода О.А., Давронзода Б.М., Қувватбекзода Ш., Розиқзода А.А. ва Мирзобекзода М. А. ба гирифтани стипендияи Раиси вилоят аз ҷониби комиссия интихоб шуданд.
Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз мулоқоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар таъкид кард, ки равандҳои таҳаввулоти ҷомеаи имрӯз тақозо дорад, ки корҳои таблиғотӣ, маърифатию фаҳмондадиҳӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҷавонони фаъол, онҳое, ки ба ояндаи миллату давлати хеш бетараф нестанд, қарор гирад ва пешироҳи ҳама гуна хурофот парастӣ гирифташавад.
Изҳори боварӣ кардашуд, ки донишҷӯён умагистрантон, олимону аспирантони ҷавони вилоят ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро амиқ эҳсос намуда, бодарки рисолати аслии донишу илмомӯзӣ ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда пешвоз мегиранд.
Сарнозири маркази бақайдгирӣ
ва машваратии қисми таълимии
факултети №4 Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
капитани милитсия Самадзода И.А.