Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби дарси тозанашр «фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

1118

Амрудинзода, А.М., Вализода, Н.Д., Ғафурзода, Д.А., Имомёрбеков, А.,Масурзода, А.М., Насуриён, П.А., Нуриддинзода, С.Н., Раҳмадҷонзода, Р.Р., Ҳайдарзода, М.П., Шарифзода, Ф.Р., Шарифзода, С.Ш., Шарифзода, П.Р. Фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилии ҶТ. Қисмҳои умумӣ ва махсус: китоби дарсӣ. – Душанбе: “Контраст”, 2024.- 836 с.

Бори аввал дар таърихи рушди илми ҳуқуқшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВКД китоби дарсӣ аз фанни фаъолияти маъмурии МКДҶТ зери таҳрири умумии Вазири корҳои дохилӣ д.и.ҳ., дотсент, генерал-полковники милитсия Р.Ҳ. Раҳимзода, ки он ба қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 29 январи с. 2024, №2/20 ба сифати китоби дарсӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавсия шудааст, аз нашр баромад. Китоби мазкур бо дастгирии моддӣ ва техникии Бюрои САҲА дар ш. Душанбе чоп шуд.

Маросими супоридани китоби мазкур 17 майи соли 2024 дар Академияи ВКД баргузор гардид, ки дар он сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. ва роҳбари барномаи пешгирии зӯровраии хонаводагии Дафтраи САҲА дар Душанбе Адриана Борилов иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки дар китоби дарсии мазкур масъалаҳои асосии назариявию амалӣ доир ба омӯзиши фанни таълимии «Фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ» баррасӣ шуда, омӯзиши он имконият медиҳад, ки дар замири хонандагон ақидаҳои илман асоснок кардашуда оид ба мафҳум ва моҳияти милитсия, асосҳои ҳуқуқии фаъолият ва принсипҳои он, вазъи ҳуқуқии милитсия ва сохторҳои алоҳидаи ҷузъу томҳои ВКД ташаккул дода шуд.

Китоби мазкур барои донишҷӯён, курсантону шунавандагон, магистрҳо, аспирантон (адъюнктон), омӯзгорон, олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва доираи васеи хонандагоне, ки ба ин самти фаъолият таваҷҷуҳ доранд, тавсия карда шудааст.

1119

1120

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...