Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маърифати ҳуқуқӣ - омили пешрафти давлати демократӣ

482Имрӯз дар мамлакат вазъи ҳуқуқии тамоми соҳаҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мегарданд ва таҳким меёбанд. Мавҷудияти базаи мустаҳками қонунгузорӣ рушди пайвастаи соҳаҳои мамлакатро таъмин намуда, ба омилҳои асосии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳо мегузоранд. Тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро ҳадафи имрӯзу ояндаи инкишофи худ қарор додааст. Дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузургу ҳалкунанда дорад ва ҳамагуна муносибатҳо дар асоси ҳуқуқ ва қонун танзим карда мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии табақаҳои мухталифи ҷомеа тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин самт як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст. Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд. Ҳар сол ироаи Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” асосан ба зиндагии шоиставу некуаҳволии мардуми Тоҷикистон нигаронида шудаанд.
Аз оғози соли 2024, музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шуд, ҳамзамон аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия карда мешаванд. Маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд гардида, дар ин радиф ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.
Нуктаи дигари муҳиму чашмраси Паёми навбатӣ ин эълон гардидани “Соли 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ” мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин амали хеш мардуми кишвар, хурду бузурги мамлакатро даъват намуданд, ки ҳуқуқҳои худро донанду дар лаҳзаи зарурӣ манфиатҳои худро ҳимоя карда тавонанд. Аксар вақт надонистани қонун боиси сарсонию саргардонии одамон мегардад, ки ин дар баробари ранҷу азоб ба ҳолатҳои ногувор оварда мерасонад. Тасодуфан содир кардани ҷиноят, гаравидани шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ғайра аз надонистани қонуну ҳуқуқҳо бармеоянд.
Эълон гардидани соли 2024 - ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбири муҳиму саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад. Тавре ки маълум аст, тамоми механизми қонунгузории мамлакат аз Конститутсия сарчашма мегирад. Конститутсияе, ки соли 2024 сиюмин солгарди қабули он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ҳамон Конститутсияе, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини тоҷикон мебошад. Ба ифодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст».
Маврид ба қайд аст, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккулу инкишоф ва рушду таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Зимнан бояд гуфт, ки агар қабули қонунҳо, сифату табиати иҷтимоӣ ва механизми амали онҳо масъалаи марказӣ бошанд, пас татбиқи мустақими онҳо дар ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва ин ба сатҳи тафаккури ҳар як нафар алоқаманд аст. Дар давлате, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя ва эҳтиром карда мешаванд, рӯ ба инкишоф меорад. Дар ҷомеа тартиботи ҳуқуқӣ дуруст риоя шавад, пешрафт муяссар гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар амал татбиқ мегарданд.
Умуман, аз ироаи Паём бармеояд, ки муҳтавои асосии ҳар як самт ва соҳаҳоро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳанд. Ё ин, ки ҳар пешниҳоде, ҳар супоришу вазифаҳое, ки дар Паём манзур мегардад, баҳри беҳбудии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Дар ҳама соҳаҳо, иҷтимоиёт, маориф, тандурустӣ, занон, ҷавонон ва дигар соҳаҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои асосии он дода мешавад.
Муҳаббатшозода Г.М.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...