Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсия бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

111314 май дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо ташаббуси ҳайати олимону профессорони Факултети №4 Академияи ВКД дар ҳамоҳангӣ бо Раёсати ВКД дар вилояти Суғд конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Маърифати ҳуқуқӣ, нақш ва аҳамияти он дар рушди илми тоҷик бахшида ба Рӯзи илми тоҷик» баргузор гардид.1114
Олимону пажуҳишгарони соҳаҳои гуногуни илм аз донишгоҳу донишкадаҳои муқимии вилоят, коршиносон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамоиши хусусияти илмидошта иштирок карда, бо тадқиқотҳои илмӣ ва маърӯзаҳои таҳлилӣ баромад намуданд.
1115Конференсия таҳти роҳбарии сардори факултети №4 Академияи ВКД номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Меҳриддин Ғафурӣ ҷараён гирифта, ҷиҳати иштирок кормандони амалии мақомоти корҳои дохилӣ ва курсантони фаъоли Академияи ВКД низ ҷалб гардиданд, то ин ки аз дастовардҳои илмии олимон бохабар гашта, маънавиёти худро ғанӣ созанд.
Нахуст, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ба кори конфронс ифтитоҳ бахшида, вобаста ба илм ва мавқеи он дар рушди низоми давлатдорӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва нақши он дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ суханронӣ намуда, бо такя аз таҳлилҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ таъкид намуд, ки меҳвари асосии рушди ҳар як ҷомеа аз низому тартибот алоқамандии зиёд дорад. Зеро, дастовардҳои илмӣ низ дар натиҷаи таъмин будани осоиштагӣ ба даст меоянд. Баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ ва огаҳӣ ёфтани шаҳрвандон аз меъёрҳои қонун пеш аз ҳама масъулияти шаҳрвандиро боло бурда, садди роҳи қонуншиканӣ мегарданд. Дар ин замина шуури шаҳрвандон барои баланд гардидани фарҳангу маънавиёт ва амалҳои солеҳ нигаронида хоҳад шуд.
Дар идомаи конфронс мавзуъҳои мухталиф ба монанди саҳми Пешвои миллат дар рушди қонунгузорӣ дар Тоҷикистон, эълони «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва иртиботи он дар таъмини амнияти кишвар, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия, маърифати андоз – ҳамчун заминаи пешгирии қонунвайронкунии андоз, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон асоси таҳкими давлати ҳуқуқбунёд, моҳият ва ҳадафҳои эълон кардани соли 2024 – ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши рамзҳо дар ташвиқу тарғиби идеологияи сиёсӣ аз тарафи баромадкунандагон матраҳ гардид.
Дар конфронс олимону пажуҳишгарони муассисаҳои олии таълимӣ аз факултети №4 Академияи ВКД, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баромад карда, тадқиқоти худ дар соҳаҳои мухталифи илми тоҷик, аз ҷумла ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодиро пешниҳод карданд.
Ҳамчунин кормандони амалии ВКД, КДАМ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, адлия ва мақомоти суд маърӯза намуда, низоми фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вобаста ба самти фаъолият ва паҳлуҳои хизматии соҳа бо истифода аз таҷрибаи амалӣ таҳлил намуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо василаи ташкили конференсия ва пешниҳоди маърузаҳои илмиву тадқиқотӣ баромадкунандагон рӯзи илми тоҷикро гиромӣ доштанд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...