Баргузор намудани озмун-викторина дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ»
Бо мақсади амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои асосии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 – «Соли маърифати ҳуқуқӣ», тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираҳои луғавӣ, такмили тарбияи ватандӯстӣ, ҷасорату шуҷоат, тақвияти ҷаҳони маънавии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 майи соли 2024 озмун-викторина аз фанни назарияи давлат ва ҳуқуқ миёни курсантони курси якуми факултетҳои №2 ва №6 баргузор гардид.
Викторина бо ташаббуси ҷамъияти илмии курсантон «Давлатшиносони ҷавон»-и кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Дар чорабинии мазкур сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М., сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., майори милитсия Заробидинзода С.З., муовини сардори факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., майори милитсия Бобоназарзода Ф.Ш., сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия Каримзода У.К. ва инчунин ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, алалхусус майори милитсия Пулодӣ Ф.Ю., майори милитсия Қурбонзода Ҷ.Ғ., капитани милитсия Ҷалолзода С.И., капитани милитсия Иброҳимзода Д.Қ., ҳамчунин роҳбари маҳфили илмӣ капитани милитсия Фахридинзода Ҳ.С. ва аъзои маҳфили илмӣ, курсантони фаъоли факултети №2 ва №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар озмуни мазкур 11 гурӯҳ курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Озмун дар шакли викторина аз 5 давра иборат буд, аз ҷумла:
1. Донистани мафҳумҳои зиёд аз фанни назарияи давлат ва ҳуқуқ;
2. Пур кардани сканворд;
3. Саволу ҷавоб байни курсантон;
4. Ҷавоб гардонидани саволҳо бо тарзи шифоҳӣ (билет);
5. Бо имову ишора ҷавоб гардонидани калимаҳо вобаста ба фанни назарияи давлат ва ҳуқуқ.
Иштирокчиён аз уҳдаи тамоми шартҳо баромада, байни худ бо шавқу рағбат рақобат намуданд. Аз натиҷаи озмун маълум гардид, ки ҷойи аввал насиби гурӯҳи 107, ҷойи дуюм насиби гурӯҳи 108 ва ҷойи сеюмро гурӯҳи 112 – факултети №6 ва гурӯҳи 101 – факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол намуданд.
Дар хотима, ғолибони озмун-викторина аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Фахридинзода Ҳ.С., муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ- ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия