Қаҳрамонон намемиранд!
Дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраҳои фанҳои ҷамъиятӣ ва фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ мизи мудаввар доир ба 79- солагии Иди Ғалаба бо номи «Қаҳрамонон намемиранд», маҳфили «Ориён» ва «Тирандоз» баргузор гардид.
Муовини сардори факултети мазкур номзади илмҳои таърих, полковники милитсия Юсуфзода А.Ю., чорабинии мазкурро кушода эълон намуда, доир ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва саҳми халқи тоҷик дар он баромад намуд.
Сипас, сухани навбатӣ ба полковники мустафъии милитсия, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи фалсафаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Абдулатипов У.Ҳ. дода шуд, ки доир ба қарзи интернатсионалӣ баромад кард.
Дар рафти чорабинӣ курсантони курси якум ва дуюми факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қаторӣ Назаров М. дар мавзуи «Санадҳои асосии ҶБВ», милитсияи қаторӣ Зокиров М. «Саҳми занони тоҷик дар ҶБВ», курсанти курси дуюм, милитсияи қаторӣ Сидиқова Ф. дар мавзуи «Ҳимояи ватан», Каримзода Б., курсанти курси якум табрикот ба забони русӣ, Лифаев М. қироати шеър «День победы», Пардабойзода М. «Ордени шараф», Раҳмонзода Э. ҳақиқати аҷиб оид ба ҶБВ ва Урунов М. доир ба гуфтори бузургон дар бораи ҷанг ва сулҳ баромад намуданд, ки он бо саволу ҷавоб ба итмом расид.
Дар охири чорабинӣ муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Юсуфзода А.Ю. ба иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, ба устод Абдулатипов У.Ҳ. тӯҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.
Олимӣ Ҳ.А., муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД, подполковники милитсия