Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар бахшида ба 79-солагии Рӯзи Ғалаба ва хотираи генерал-майори милитсия Имомёрбеков Атобек

1010Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози фасли баҳор бахшида ба санаи бузург – Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабиниҳои тантанавӣ гузаронида мешаванд, зеро ин рӯзи муқаддас ва дурахшони хотираи ҳамаи онҳоест, ки барои Ватан ҷони худро нисор кардаанд, дар ақибгоҳ баҳри озодӣ ва ҳаёти наслҳои оянда заҳмат кашидаанд.1011
7 майи соли 2024 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 79-умин солгарди Ғалабаи Бузург бар фашизм ва хотираи генерал-майори милитсия, номзади илмҳои таърих, марҳум Имомёрбеков Атобек, ки солҳои зиёд дар Академияи ВКД кору фаъолият намудааст, мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар ҳайати профессорону омӯзгорон, курсантони факултетҳои № 2 ва 6 иштирок намуданд.
Мизи мудавварро муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. ифтитоҳ намуда, махсусан аҳамияти Ғалабаро дар шароити муосир таъкид кард.
Инчунин оид ба фаъолияти илмӣ ва касбии генерал-майори милитсия А. Имомёрбеков, хизматҳои шоистаи ӯ дар рушди илм дар Академияи ВКД суханронӣ намуда, дар бораи фаъолияти генерали марҳум оид ба ташкил ва густариши фаъолияти милитсияи тоҷик дар ВМКБ таъкид дошт.
Профессорону омӯзгорони Академияи ВКД низ аз хотираҳояшон оид ба садоқат ба Ватан, хоксорӣ ва масъулиятшиносии Атобек Имомёрбеков ҳамчун хислати хос суханронӣ карданд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар курсантон бахшида ба Рӯзи Ғалаба бар фашизм шеърҳо қироат намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ тасмим гирифта шуд, ки дар моҳи декабри соли 2024 бахшида ба 70-солагии генерал-майори милитсия марҳум Атобек Имомёрбеков конференсия баргузор карда шавад.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...