Рушди соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат)
Боиси ифтихор аст,ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз заковати воло ва хиради азалӣ ба дастовардҳои арзишманд сазовор гардидааст. Истиқлоли давлатӣ ва суботи сиёсӣ имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои миллию давлатӣ ва умумибашарӣ дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, солимии миллат, ободии Ватан ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаҳои мусоид муҳайё гардад. Боиси сарфарозист, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барномаҳои зиёди давлатӣ ҷиҳати ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, солимгардонии ҷомеа ва пешгирии бемориҳои гуногун амалӣ мегарданд.
Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даврони Истиқлоли давлатӣ бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуд ва дар марҳилаи кунинӣ тақвият ёфта истодааст. Пешрафт ва муваффақиятҳои соҳаи тандурустӣ зери сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Дар даврони соҳибистиқололӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар 34 маротиба дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо кормандони соҳаи тибби мамлакат мулоқоту вохӯрӣ доир намуда, масъалаву мушкилоти ин соҳаро баррасӣ карда, доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба солимии ҷомеа, тандурустии модару кӯдак, ҳуқуқ ва адолати иҷтимоии шаҳрвандон ва дигар мушкилоти ҷойдошта ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас додаанд, ки дар ин замина ба ислоҳоту навсозии соҳа такони ҷиддӣ бахшида шуд. Ҳамин тадбирҳо, яъне, бунёду навсозии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, таъмин бо технологияи муосир ва омодакунӣ ва ҷалби мутахассисони донишманд ба рушду таҳкими низоми тандурустии мамлакат, таъмини солимии ҷомеа мусоидат намуд. Нишондодҳои асосии соҳа ба тамоюли беҳтар гардидани вазъи тандурустии аҳолӣ мусоидат намуда, дар натиҷа дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 75,3 сол расид. Дар соли 1990 ин нишондод ба 70,1 сол баробар буд. Зимнан, таъкид намудан ба маврид аст, ки дар ин даврон баҳри беҳтар гардидани шароити мусоид барои ташхису табобати шаҳрвандон корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар мамлакат бамаротиб зиёд гардид. Дар ин давра бунёд ва ба истифода додани садҳо биноҳҳои хуштарҳу замонавии соҳаи тандурустӣ худ далели рушди соҳаи тандурусти мамлакат мебошад. Агар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошт, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин шумора ба 5116 расидааст.
Барои рушди соҳа санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, марҳила ба марҳила татбиқ карда мешаванд. Бо татбиқи санадҳои мазкур соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба ислоҳот оварда, дар шакли комилан нав рушд кард. Бо мақсади боз ҳам хубтару беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ айни замон дар мамлакат Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди амал қарор дорад. Қабул ва мавриди амал қарор додани даҳҳо барнома ва дигар ҳуҷҷатҳои соҳавӣ аз таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин бахши муҳим дарак медиҳанд. Бо мақсади таъмини рушди муассисаҳои табобатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давра ба давра муҷаҳҳаз намудани онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои сифатноки тиббӣ «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» таҳия гардида, мавриди амал қарор дорад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 200 номгӯйи таҷҳизот, дастгоҳ, молҳои тиббию доруворӣ, дастгоҳҳои дигар харидориву дастрас карда шудааст. Бо бисёр дастгоҳҳои замонавии тиббӣ Раёсати тиббии ВКД ва ҳамчунин Академияи ВКД низ таъмин гаштаанд.
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон барои гирифтани кумаки тиббии бехатар, самарабахш ва сифатнок;
- ҷавобгарии якҷояи давлат, корфармоён ва шаҳрвандон ҷиҳати нигоҳдорӣ ва таҳкими саломатии инфиродӣ ва ҷамъиятӣ;
- таъмини ҳаҷми кафолатноки кумаки ройгони тиббӣ;
- ҳифзи солимии модару кӯдак;
- афзалиятнок будани самти пешгирӣ дар фаъолияти низоми тандурустӣ;
- дастрас будани кумаки тиббӣ;
- мунтазам баланд бардоштани сифати кумаки тиббӣ;
- таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ;
- васеъ намудани имкониятҳои ҷомеа оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ;
- пайдарпайии фаъолияти ташкилотҳои тандурустӣ дар хизматрасонии тиббӣ;
- таъмини муттасили ва пайдарҳамии таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ бо истифода аз технологияҳои замонавии таълим;
- дастгирии давлатии илми тибби ватанӣ, ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадами илмӣ, техникӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустӣ;
- ҳавасмандгардонии донории ройгони ихтиёрӣ;
- дастгирии давлатӣ оид ба таҳия ва рушди рақобатпазирии саноати тиббӣ ва фарматсевтии ватанӣ;
- иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ;
- самтнокии иҷтимоии тандурустӣ, ки ба қонеъ гардонидани талаботу эҳтиёҷоти аҳолӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагӣ равона карда шудааст;
- мусоидат дар ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ғизои солим;
- алоқамандии саломатии аҳолӣ, бехатарӣ, самарабахшӣ ва сифати маводи доруворӣ ба омилҳои таъмини амнияти миллӣ.
Танзими давлатиро дар соҳаи тандурустиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо амалӣ менамоянд:
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ;
- мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти тиббӣ;
- мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ;
- мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ;
- мақоми ваколатдори давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ;
- мақомоти дигари иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
Танзими давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- назорати давлатии фаъолияти тиббӣ, фарматсевтӣ ва таъмини бехатарии санитарию эпидемиологӣ;
- иҷозатномадиҳӣ ва додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои машғул шудан ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ;
- аккредитатсия ва аттестатсия дар соҳаи тандурустӣ;
- бақайдгирии давлатӣ, азнавбақайдгирии маводи доруворию молҳои тиббӣ ва намудҳои алоҳидаи маҳсулот ва моддаҳое, ки ба саломатии инсон таъсири зарарнок мерасонанд;
- тасдиқи мутобиқати мол (кор ва хизматрасонӣ) дар соҳаи тандурустӣ ба талаботе, ки бо дастури техникӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба стандартизатсия ва шартҳои шартномаҳо муқаррар гардидаанд;
- танзими давлатии арзиши хизматрасониҳои тиббӣ, маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ.
Ҳамин тариқ, рушди тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пай дар пай дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ инкишоф ва ташаккул меёбад.
Соҳибиён Диловаршо Мирзо - духтури табобатии шуъбаи тиббӣ, капитани милитсия