Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)

689Рӯзи Ғалаба ҳамчун - иди Ғалабаи бузурги халқи собиқ ИҶШС (СССР) аз болои миллатгароёни Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 санаи 9-уми май муқаррар гаштааст. Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои аъзои ИДМ ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Имсол ба санаи Ғалабаи бузург 79-сол пур мегардад. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуда, барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурдаанд ва дар ғалаба бар зидди фашистон саҳми бузурги хешро гузоштаанд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷанговарони Тоҷикистон 296 ҳазор нафар иштирок намуда, аз онҳо 92 ҳозор ҳалок шуда, боқимонда 204 нафар зинда монда аз байни ин 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонагию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳо гардида, 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони аз ҳама баланди давлати, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гардидаанд. Баъд аз ба охир расидани ҷанг, 9 уми май ҳамчун Рӯзи Ғалаба –иди расмии ИҶШС эълон гардид ва то ҳол ҳар сол дар тамоми ҷумҳуриҳои ИДМ ҷашн гирифта мешавад.
690Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) аз ҷумлаи идҳои давраи Шӯравӣ мебошад, ки дар Тоҷикистони сохибистиклол боқӣ мондааст ва он ба таври тантанавӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромушнашуданӣ мақом дорад. Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи нотакрор ва корнамоиҳои бузург нишон додаанд.
691Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад, беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони зиёда 55 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор деҳаву русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо дар қаламрави Иттифоқи Шӯравӣ несту нобуд карда шуданд. Зиёда аз 5 миллион одамон бе сарпаноҳ монда, 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар вайрон гардида, 63 миллион сар ҳайвоноти калону хурди шохдор ба Германияи гитлерӣ фиристода шуд. Танҳо барои ба Германияи фашисти фиристодани маҳсулоти хоҷагии халқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 1,4 миллион қатораро истифода бурданд. Дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд. Он солҳо кор дар корхонаҳои саноатӣ, хусусан комбинати абрешими Ленинобод, фабрикаи бофандагии «Красный ткач» ва дигарҳо ҳама аз рӯи шиори «Ҳама чи барои фронт, ҳама чи барои Ғалаба» фаъолият мебурданд. Ҳар сокини ватандӯст мехост камтарин имконияти худро барои дастгирии Армияи советӣ ва аскарон қурбон кунад ва бо ҳамин рӯзу соати Ғалабаро тезонад.
Боиси ифтихор аст, ки ҷавонмардони тоҷик дар қатори дигар диловарписарони Ватан дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода, сазовори ордену медалҳои зиёди ҷангӣ гаштаанд. Қисми зиёди ҷанговарон аз майдони ҷанг барнагаштанд ва дар заминҳои Россияву Беларус, Укараинаву Молдова, Латвия, Литваю Эстония, Полшаю Булғория, Венгрияю Чехословакия, Руминияю Югославия ва лонаи фашистон – Германия ҷавонии ҷовидона ёфтанд. Ҷанговарони кишвари мо дар муҳорибаҳои назди Москва, ҷанги шадиди Сталингард, мудофиаи Ленинград ва ғайраҳо қаҳрамониҳои бемисл. Чунончӣ, Саидқул Турдиевӣ тоҷик дар қатори намояндагони 8 миллатҳои шӯравӣ қариб ду моҳ, «хонаи Павлов» — и Сталинградро аз душман мудофиа намудааст.
Пӯшида нест, ки муҳорибаи Курск яке аз муҳорибаҳои бузургтарини Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, фашистон, баъди шикастхӯрӣ дар муҳорибаи Сталинград, бовари доштанд, ки дар муҳорибаи навбатӣ барзидди аскарони шӯравӣ ғалаба ба даст дароранд. Бо ҳамин мақсад онҳо дар ин муҳориба танкҳои нави «Паланг», «Бабр», таёраҳои қиркунандаи «Фоке — Вулф» ва ғайраро истифода бурданд. Дар ҳамин муҳориба, 5 – 7 июли соли 1943 тӯпчӣ Ҳодӣ Кенҷаеви қистакӯзӣ бо батареяи худ чандин ҳуҷуми танкҳои душманро зада гардонд. Дар натиҷаи ҷанги сахт ҳамяроқони ӯ ҳалок гардиданд. Барои ин корнамоӣ ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.
Собиқ колхозчии ба номи К. Маркси ноҳияи Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) Исмоил Ҳамзаалиев низ дар ҳамин муҳориба, 8 – 10 июли соли 1943, бо тӯп танкҳои душманро тирборон намуд. Вай маҷрӯҳ шуда бошад ҳам, вале майдони ҷангро тарк накард.Корнамоии ӯ низ бо номи пуршарафи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадр карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки Ҳодӣ Кенҷаев ва Исмоил Ҳамзаалиев дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷумлаи тоҷикписарон аввалин шуда ба гирифтани ин ном, яъне қаҳрамони итиҳоди шурави мушарраф шудаанд.
Мудофиаи дуру дарози шаҳри Ленинград натиҷаи қаҳрамонӣ ва истодагарии пеш аз ҳама бошандагони ин шаҳри таърихӣ ва қӯшунҳои шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар вақт аскарони сурх лаҳзаҳои муносиб пайдо карда, ба ҳуҷум мегузаштанд. 5 октябри соли 1943, дар яке аз ҳуҷумҳои фронти Волхов, фиристодаи Тоҷикистон, собиқ колхозчии колхози «Пахтакор» — и ноҳияи Ашт, ӯзбекписар Тӯйчӣ Эрйқигитов дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Любан, дар қисми ғарбии деҳаи Смердиня, бо сари синаи худ сӯрохии дзоти душманро маҳкам карда, худ ҳалок шуд, вале ғалабаи рафиқонашро таъмин намуд. Дар натиҷаи чунин ҷасурӣ ӯ 21 – уми феврали соли 1944, баъди маргаш, ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардид.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз чумлаи фиристодагони Тоҷикистон, дар майдонҳои ҷанг на танҳо мардҳо, балки занҳои тоҷик низ корнамоӣ нишон доданд.
Ба ин корнамоии лётчикдухтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова, ки 93 парвози ҷангӣ анҷом додааст ва ба ордени Ленин мукофотонида шудааст, афсарони хизмати тиббӣ Шаҳрӣ Ҳайдарова, С.М., Ниёзова ва дигарон мисол шуда метавонанд.
Ҳамин тавр, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фиристодагони Тоҷикистон қариб дар ҳамаи фронтҳои ҷангӣ мардонагӣ нишон дода, дар ғалабаи умумии мардуми Шӯравӣ бар фашистон ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд.
Хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос медорем. Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ғамхориҳои хос зоҳир намуда, онҳо ҳамеша таҳти сарпарастии доимӣ ва имтиёзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Султонзода В.И., омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...