Машғулияти таълимӣ дар қисми ҳарбии 3501-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ
Бо мақсади боз ҳам устувор гардонидани алоқамандии назария бо амалия бо ташаббуси роҳбарияти факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд) аз ҷониби кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматии факултети мазкур гузаронидани машғулияти таълимӣ дар қисми ҳарбии 3501-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд, ки ин яке аз унсурҳои омодасозии мутахассисони баландихтисоси мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор меравад.
Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон қайд мекунанд: «Дар шароити имрӯза тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - аз сарбози қаторӣ то афсарони баландрутба вазифадоранд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба ҳимояи дастовардҳои замони истиқлоли Тоҷикистони маҳбубамон ва хизмати содиқона ба манфиати халқу ватан сафарбар созанд».
Аз ин лиҳоз, аз тарафи роҳбарияти факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала диққати аввалиндараҷа дода мешавад.
Вобаста ба ин, 2 майи соли 2024 баҳри иҷрои нақшаи машғулиятҳои таълимӣ як гурӯҳ курсантон бо роҳбарии сардори кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ подполковники милитсия Исмоилзода О.Н. ба қисми ҳарбии 3501-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ барои гузаронидани машғулияти амалӣ сафарбар карда шуданд.
Дар машғулияти амалӣ сардори кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ подполковники милитсия Исмоилзода О.Н. доир ба мавзӯъҳои «Таъинот, қисмҳои асосӣ ва хусусиятҳои техникии норинҷакандози дастии зиддитанкӣ (РПГ-7в) ва тартиби истифодабарии он», «Таъинот, қисмҳои асосӣ ва хусусиятҳои техникии милтиқи мергании Драгунов, тартиби ба қисмҳои пурра ва нопурра ҷудо ва пайваст намудан, тарзҳои оташкушоӣ аз милтиқи мергании Драгунов», «Таъинот, қисмҳои асосӣ ва хусусиятҳои тактикӣ – техникии пулемёти Калашников» дар назди курсантон баромад намуд. Ҳамзамон дар ин машғулияти амалӣ курсантон аз наздик бо тарзу кори ҳар як қисму механизимҳои силоҳҳои номбаршуда шинос шуда, амалан силоҳҳоро ба қисмҳои нопурра ҷудо ва пайваст намуда, маҳорати худро сайқал доданд.
Ташкил ва гузаронидани ин машғулият барои курсантон хеле хотирмон буд, зеро барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ донистан ва омӯхтани намудҳои силоҳ ва ҳолатҳои истифодаи силоҳҳои оташфишон шарт ва зарур мебошад.
Абдукаримзода М.А., муаллими кафедраи фанҳои ҳарбӣ - хизматии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия