Викторинаи омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ дар Академияи ВКД
Рӯзи 2 майи соли 2024 дар кафедраи “Бехатарӣ аз сӯхтор”-и факултети №5-и Академияи ВКД викторинаи ҷаъмияти илмии «Оташнишонон» бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Академияи ВКД, аз он ҷумла и.в. сардори факултети №5-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.т., майори милитсия Шарофзода Ф., сардори қисми таълимии факултет, полковники милитсия Одилзода Х., роҳбари илмии “ҶИК” лейтенанти калони милитсия Файзуллозода М. иштирок доштанд.
Дар мизи мудаввари мазкур 5-нафар омӯзгорону курсантон дар мавзуъҳои гуногун баромад намуданд:
1.Файзуллозода М. - муаллими кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия дар мавзуи “Эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”;
2.Икромшоҳзода Иброҳим Икромшоҳ. - курсанти курси 2-юми факултети №5-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милисияи дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”;
3.Курсанти курси 2-юми факултети №5, сержанти хурди милитсия Алимардонзода Муслиҳиддин Баҳридин., дар мавзуи “Солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар соҳаи илму маориф”;
4.Курсанти курси 2-юми факултети №5, милитсияи қаторӣ Садуллозода Исроил Файзулло, дар мавзуи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”;
5.Курсанти курси 2-юми факултети №5, милитсияи қаторӣ Ғуломзода Ҷонибеги Саидбег, дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат ва ниёгони тоҷик дар пешрафти илмҳои табиатшиносӣ“.
Дар ҷараёни викторинаи мазкур аз ҷониби иштирокчиён соволҳо оид ба мавзуъҳо дода шуд.
Дар анҷоми викторина тасмим гирифта шуд, ки аз ҳамаи фанҳои тахассусӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» маҳфилу ҳамоишҳои илмӣ гузаронида шавад.