Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илм – фурӯғи маърифат

665(Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид)
Бо мақсади иҷро намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, таҳти №АП-482 «Дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» дар соли 2024, фармоиши сардори Академияи ВКД таҳти №248, аз 26 марти соли 2024 ба имзо расид, ки тибқи он, дар асоси «Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат»» санаи 3 апрели соли 2024 даври академиявии (даври аввал) озмун ташкил ва баргузор карда шуд.665
Пеш аз гузаронидани озмун, ҷиҳати даъвати ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда лавҳаи эълонӣ дар ҷойҳои махсус овезон гардида, озмун байни ҳайати тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд.
667Аз ҷониби Шуъбаи таълим ва Китобхонаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни озмун китобҳои лозима дастрас гардиданд ва даври аввал ҷамъбаст карда шуда, ғолибон ба даврҳои оянда пешбарӣ карда шуданд. Дар озмун 85 нафар аз рӯи 4 номинатсия иштирок намуданд.
Комиссия оид ба гузаронидани даври аввали озмуни «Илм - фурӯғи маърифат» дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон – муовин сардори Академияи ВКД оид ба илм, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия – риси комиссия;
Аъзоён комиссия;
- Заробидинзода Сулаймон Заробидин - сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия;
- Саидзода Саидшоҳ Саид - сардори шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия;
- Мансурзода Амиршоҳ Мансур - сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия;
- Амрудинзода Муҳридин Амрудин - сардори факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия;
- Шарофзода Фирӯз Алиҷон - иҷрокунандаи вазифаи сардори факултети №5, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, майори милитсия;
- Холзода Бахтиёр Мулло - муовини сардори кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети №3, подполковники милитсия – котиби комиссия.
Дар озмун ҳар як довталаб дониш, лаёқат ва қобилияти худро аз рӯи номинатсияи интихобкардааш ба комиссия пешниҳод намуд. Комиссияи озмун ҳар як довталабро аз санҷиш гузаронида, тамоми паҳлӯҳои қобилияти онҳоро дар асоси талаботи низомнома баҳогузорӣ намуда, дар асоси нишондодҳои назарраси довталабон, ҚАРОР КАРД:
Аз рӯи номинатсияи ФИЗИКА ВА АСТРОНОМИЯ ғолибони даври аввали озмун байни курсантон ҳисобида шаванд:
Ҷойи якум: Ёров Шервон Зафарҷонович - курсанти курси сеюм факултети №5 Академияи ВКД;
Ҷойи дуюм: Ғуломзода Ҷонибеки Саидбек - курсанти курси дуюм факултети №5 Академияи ВКД;
Ҷойи сеюм: Назаров Олимҷон Орифҷон - курсанти курси сеюм факултети №5 Академияи ВКД;
Аз рӯи номинатсияи МАТЕМАТИКА ғолибони даври аввали озмун байни курсантон ҳисобида шаванд:
Ҷойи якум: Салимзода Раҳмоналӣ Фирдавс - курсанти курси чоруми факултети №2 Академияи ВКД;
Ҷойи дуюм: Мирмуҳамедов Шоҳҷаҳон Шерзодович - курсанти курси якуми факултети №5 Академияи ВКД;
Ҷойи сеюм: Амонзода Аслиддин Алиҷон – курсанти курси якум, факултети №2 Академияи ВКД;
Аз рӯи номинатсияи ИНФОРМАТИКА ғолибони даври аввали озмун байни курсантон ҳисобида шаванд:
Ҷойи якум: Нусратзода Шуҳратҷони Файзиддин - курсанти курси дуюми факултети №5 Академияи ВКД;
Ҷойи дуюм: Хоҷаев Маснави Нуруллоевич - курсанти курси дуюми факултети №2 Академияи ВКД;
Ҷойи сеюм: Маҳмадзода Юсуфҷон Қиёмуддин - курсанти курси якум,факултети №5 Академияи ВКД;
Аз рӯи номинатсияи ХИМИЯ ғолибони даври аввали озмун байни курсантон ҳисобида шаванд:
Ҷойи якум: Ёқубов Шаҳбоз Шуҳратович - курсанти курси сеюм факултети №5 Академияи ВКД;
Ҷойи дуюм: Мирмухамедов Шоҳҷаҳон Шерзодович - курсанти курси якуми факултети №5 Академияи ВКД;
Ҷойи сеюм: Тошев Абдураҳим Зафаралиев - курсанти курси сеюми факултети №5 Академияи ВКД;
Ғолибони даври аввали озмун аз ҷониби роҳбарияти Академия бо мукофотҳо қадрдонӣ карда шуда ва довталабоне, ки ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардидаанд ба даври оянда ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешбарӣ карда шуданд.
Назарзода Носир, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...