Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонони саодатманди зодаи даврони Истиқлол

663Ҷавонон дар ҳар давру замон қувваи бузургу сарвати миллӣ ба шумор мераванд. Ҷавонони имрӯза дар ҳамаи соҳаҳои ҷомеа фаъол буда, саҳми назаррасеро дар рушд ва пешрафти сиёсату маърифат ва илму ирфон гузошта истодаанд. Сарвари олимақоми мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ, ки шахсияти нотакрор ва сиёсатмадори пурхираду пурдон аст, ӯ аз рӯзҳои аввали Сарвари давлат таъин шудан ба ҳалли мушкилоти ҷавонони мамлакат диққати ҷиддӣ медиҳанд. Зеро қисми бештару пурнерӯтари аҳолии Ватани соҳибистиқлоламонро ҷавонон ташкил дода, рушди ояндаи мамлакат аз бисёр ҷиҳат ба онҳо вобастагӣ дорад. Сарвару раҳбари дурбин будани ин марди бунёдкору созанда ҳанӯз аз мулоқотҳои аввал ва пайвастаи ӯ бо намояндагони ҷавони кишвар, ки моҳи феврали соли 1993 барпо гардидаву ба ҳукми анъанаи сиёсии хирадмандонаи ӯ даромадааст, зоҳир гашта буд.
Аз ин ҷост, ки дар Паёми навбатии сарнавиштсози худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 декабри соли 2023 ба ҷавонони мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон ва масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо аҳамияти ҷиддӣ доданд.
Ба ҳамагон равшану возеҳ аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.
Пас, наврасону ҷавонони Тоҷикистонро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Ҳар як ҷавони тоҷик, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор кунад ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошад.
Ҷавонони имрӯзаи мамлакатамон, ки насли замони Истиқлол ҳастанд, бояд аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ дошта, бо ин ҳама боиси ифтихори Ватан бошанд.
Тавре, Сарвари давлат таъкид доштанд: “Ҳамзамон мехоҳам, дар бораи ҷавонон, ки дар бахшҳои мухталифи ватаниву хориҷӣ таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳои замонавию барои кишварамон зарур шуда истодаанд, қайд карда, гӯям, онҳо намояндагони халқу миллат ва фарҳанги ниёгони мо дар кишвару хориҷи он буда, насли ояндаи зиёиён ҳастанд.
Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
Мо ҷавонони кишвар вазифаи таърихии худро фақат ҳамон вақт хуб ба анҷом расонида метавонем, ки аз дастгириву ғамхории Пешвои муаззами миллат баҳра бардошта, одамони бомаърифат, мутахассиони варзидаву обрӯманд, ашхоси хушахлоқ ва дорои тафаккури созанда гашта, масъулияти ватандорию созандагиро ба уҳда гирем.
Имрӯз ҳама боварӣ доранд, ки бо сарварию раҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муътабари миллат, Президенти бохиради кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ояндаи неке дар пеш аст. Ва ин ҳама хубию некӣ аз ҷавонони бонангу номуси миллат низ вобастагии бузурге дорад. Чунончи, дар яке аз мулоқоти худ таъкид доштанд, ки «Имрӯз зарурати таърихие пеш омадааст, ки аз миёни наврасону ҷавонон лаёқатмандонро ҷустуҷӯ намоем, барои ташаккули ҳаматарафаи шахсияти онҳо шароит муҳайё гардонем, нерӯи созандаашонро ба фатҳи қуллаҳои нави илму техника ва фарҳанг ҳидоят созем... истеъдодҳои ҷавононро сари вақт дастгирӣ кардан зарур аст».
Аз забони Сарвари оқилу пурхирад, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаниям: «Фақат шахсият қодир аст ба ташаккул ва пешрафти шахсияти дигар таъсир расонад. Фақат муҳити обод метавонад фазои ахлоқии ҷомеаро солим, мукаммал ва устувор гардонад». Пас, биёед аз роҳбарии чунин Сарвари оқилу хирадманд баҳравар гардему баҳри ободии Ватани азизамон камари ҳиммат бандем. Ҷавонон неруи бузурги офарандаю бунёдкорона доранд. Онҳо метавонанд бо донишҳои қавӣ, бо меҳнату талош ба музаффариятҳои назаррас ноил гарданд ва баҳри вусъат ёфтану тараққӣ кардани соҳаҳои мухталиф саҳмгузор бошанд.
Имрӯз Пешвои миллат бо боварии том аз ҷавонони саодатманди зодаи даврони Истиқлол баҳри рушди устувору комили ҷомеа, пешрафту шукуфоии ин сарзамини биҳиштосо, ки онро ном Тоҷикистон аст, талошҳо ва умедҳои зиёд доранд. Зеро ҷавонон давомдиҳандаи сиёсати оқилонаю хирадмандона ва сулҳҷӯёна мебошанд.
Ревазода М.Р., муаллими кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...