Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории конференсияи илмӣ-амалӣ оид ба ташаккулёбӣ ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ

65924 апрели соли 2024 бо ташаббуси ҷамъияти илмии курсантони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилии факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Таърихи ташаккулёбии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» баргузор гардид.658
Дар конференсия муовини сардори факултети №4 оид ба таълим, номзади илмҳои таърих, полковники милитсия Юсуфзода Азимҷон Юсуф, сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ полковники милитсия Абдуллозода Неъматулло Раҳматулло, сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия, Баҳромзода Ғанишер ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантони факултети №4 иштирок намуданд.
Маърӯзачиён зимни муҳокима ва баррасии мавзуъҳо иброз доштанд, ки омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ яке аз масъалаҳои муҳим барои донишҷӯён, алалхусус курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Таърихи тамаддуни халқи тоҷик баръало нишон медиҳад, ки мутафаккирон ва шахсиятҳои барҷастаи он ба фаъолияти махфӣ аҳамияти хоса медоданд. Аз таърихи қадими Тоҷикистон, ҳамчунин дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ, маълум аст, ки дар кори мақомоти ҳокимияти давлатӣ усулҳои алоҳида ва шакли кори ҷустуҷӯӣ ҷиҳати ошкорсосозӣ ва ҷазодиҳии вайронкунандагони тартибот васеъ истифода бурда мешуд. Аз ин рӯ, донистани таърихи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба курсантон имконият медиҳад, ки моҳияту мазмуни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва равандҳои ташаккули низоми мазкурро аз замонҳои қадим то ба имрӯз аз худ намуда, донишу ҷаҳонбиниашонро роҷеъ ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ такмил диҳанд.
Пас аз бо маърӯза баромад намудани ҳар як маърӯзачӣ курсантон хеле фаъолона, бо саволу ҷавоб дар конференсияи илмӣ-амалӣ иштирок намуданд.
Абдуллозода Н.Р., сардори кафедраи ФОҶ Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...