Хатми курсҳои такмили ихтисос дар Академияи ВКД
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, амалисозии лоиҳаи мусоидат барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии насли нав, беҳтар кардани сатҳу сифати таълим ва арзёбии раванди таълиму тарбия дар ҳама зинаҳои таҳсилот қайд гардид.
Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидан, рушди таҳсилоти иловагӣ, ҷалби бештар ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва рақамкунонии соҳаи маориф эътибори аввалиндараҷа додан зарур аст.
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих ва фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Дар асоси нақшаи таълимии тасдиқгардида аз 3 августи соли 2023 дар заминаи факултети №3-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос дар самти фаъолияти маъмурӣ аз 4-уми март то 4-уми апрели соли 2024 бо командирони рота ва взводҳои хизмати посбонию пайраҳадории милитсия дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд.
Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Насуриён П.А., бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ниҳодҳои номбурда, олимон ва омӯзгорони пуртаҷрибаи кафедраҳои тахассусиро сафарбар намуд.
Пас аз анҷоми машғулиятҳои таълимӣ ба шунавандагоне, ки курси мазкурро хатм намуданд, аз тарафи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиноси, полковники милитсия Насуриён П.А. ва муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Ализода А.Ш., сертификатҳо супорида шуданд.
Убайдуллоев Ш., Раҷабалиён А.