Маҳфили илмӣ-назариявии «Давлатшиносони ҷавон»
Рӯзи 28-уми марти соли 2018, бо мақсади сайқал додани донишу малакаи курсантон ва ҷалби онҳо ба илмомӯзӣ маҳфили илмӣ-назариявии «Давлатшиносони ҷавон»-и кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2-и Академияи ВКД баргузор гардид.
Маҳфили илмӣ бо иштироки устодони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, намояндагони Шуъбаи илм ва курсантон доир гардида, иштирокчиён доир ба мавзӯъҳои баррасишаванда фикру ақидаҳои худро иброз доштанд.
Маърӯзачиён курсантони курси 2-юми факултети №2 Бобоева Шаҳзода дар мавзӯи «Назарияҳои пайдоиши ҳуқуқи инсон», Ҳалимов Азиз дар мавзӯи ««Падидаи ҳуқуқӣ – конститутсионии асосҳои вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд» ва курсанти курси 1-уми факултети №6 Абдуллоев Хуршед дар мавзуи «Шакли давлат» баромад намуданд.
Ҷалолов С.И., роҳбари маҳфили илмии «Давлатшиносони ҷавон»,
муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ.