Омӯзгорони Академияи ВКД дар суҳбат бо хонандагони мактабҳо
15 апрели соли 2024 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология, н.и.ҳ., полковники милитсия Ҳусейнзода С.Ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология, подполковники милитсия Аҳёзода Ш.Т. ва муалллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Урфонзода Д.С. бо хонандагон ва омӯзгорони муассисаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ вобаста ба пешгирии хурофотпарастӣ, гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ, монеъ шудан ба таҳсилоти миёнаи умумӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ, инчунин риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ибрози андеша карда шуд.
Убайдуллоев Ш., Раҷабалиён А.