Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни “Донандагони якчанд забон” дар Академияи ВКД

636Забон воситаи муомилот ва муошират буда, донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботҳои рӯзмарраи ҳаёт огаҳ гардад. Донистани забонҳои хориҷӣ ин донистани таърихи халқияту миллатҳои дигар ва кулли дигаргуниҳои олам аст. Аммо пеш аз омӯхтану аз худ кардани забони ғайр забони модарии хешро бо ҳамаи меъёру нозукиҳояш бояд донист. Зеро забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва қисмати забонҳои зиёди дунё ба як хонавода тааллуқ дошта, қоидаҳои навишти монанд доранд. Аз ин рӯ ҷаҳд бояд кард, то аввал забони миллати худро ба пуррагӣ аз худ кард. Дар ин бобат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард».637
Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, забонҳои русӣ ва англисӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Озмуни “Донандагони якчанд забон”, ки дар байни Муассисаҳои таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон соли чорум аст баргузор мегардад, даври аввали он аз фанҳои забони русӣ ва забони англисӣ аз 5 то12-уми апрели соли 2024 тибқи Низомномаи озмун баргузор гардид. Озмун аз 4 номинатсия иборат буд: кори хаттӣ (диктанти санҷишӣ), санҷиш тариқи тестӣ, нақл аз рӯйи расм, қироати беҳтарин. Комиссия ба ҳар як номинатсия дар алоҳидагӣ баҳогузорӣ намуд.
638Ғолибони озмун аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД ҶТ бо «Ифтихорнома»-ҳо сарфароз гардиданд.
Давлатшоҳзода А.Ш., полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...