Тамошои дастаҷамъонаи намоишномаи театрӣ
Дар асоси иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар дар арафаи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз бармеояд, бо ташаббуси сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ҳайати кормандону курсантон бо роҳбаладии роҳбарияти Академия ба тамошои драмаи мусиқӣ-мазҳакавии драматургони тоҷик М.Сайфиддинов ва Ш.Сайфиддинов «Муҳаббат» ба театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ташриф оварданд.
Драмааи мазкур дар таҳияи коргардон Ҳунарпешаи Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шодиев ба саҳна гузошта шуда, аз ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷик нақл менамояд. Драма аз бисёр лаҳзаҳои хотирмон иборат буда, ба он Зайниддин Зулфиқоров ороиши мусиқӣ бахшидааст.
Нақшҳои марказиро ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Бобоҷон Ҳасанов (дар нақши Исмоилов), Саврӣ Сабзалиева (дар нақши Латофат), Майрам Исоева (дар нақши Ҳанифахола) ва ҳунармандони ҷавони театр бо маҳорати баланд иҷро намуданд, ки бо қарсакҳои бардавом пазируфта шуданд.
Драмаи «Муҳаббат»-ро кормандон ва курсантони Академияи ВКД бо мароқи том тамошо карда, завқи эстетикии худро баланд бардошта, истироҳати фарҳангӣ намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки баҳри иҷрои дастури Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар самти баланд бардоштани фарҳанги касбии корманди милитсия бо ташаббуси сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. бо тамоми муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ робитаи зич барқарор гардида, ҳайати шахсии Академияи ВКД мунтазам ба муассисаҳои фарҳангӣ берун аз соати корӣ ташриф оварда, маданияти эстетикӣ ва зебоипарасттии хешро ғанӣ мегардонанд.
Асламов Б.С.,Убайдуллоеев Ш.Э.