Суҳбату вохӯрии судманд бо мактаббачагони МТМУ №15-и ба шаҳри Хуҷанд
15 апрели соли 2024 аз тарафи омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 ба номи Қодир Раҳимови шаҳри Хуҷанд бо хонандагони синфҳои 8-11 бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ», вохӯрӣ таҳти унвони «Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инъикоси он дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа» баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ омӯзгорони кафедра ва курсантон-иштирокчиёни гурӯҳи «Санъати суханварӣ» бо маърӯзаҳои зерин баромад карданд:
1.Профессори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, подполковники милитсия, Аҳмадзода Мухбирахон Аҳмад, дар мавзӯи: «Маърифати ҳуқуқӣ ва дарки дурусти ҳисси ватандӯстӣ»;
2.Муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, Олимӣ Ҳоҷиниссо Абдусаломзода, дар мавзӯи: «Соли маърифати ҳуқуқӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ»;
3.Муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия Давлатзода Наргис Давлат, дар мавзӯи: «Коррупция нежелательное явление общества»;
4.Курсанти курси 1-уми факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ Бобоев Фаридҷон, дар мавзӯи: «Ҳуқуқдонӣ фарҳанги волост».
Дар хотимаи вохӯрӣ байни маърӯзачиён ва хонандагон суҳбату озоду самимӣ баргузор гардид.
Аҳмадзода М.А., профессори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, подполковники милитсия