Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд...

622Ҳар чизе, ки Садриддин Айнӣ дар тӯли умри худ навишт, ҷанбаи маърифатию маорифпарварӣ дошт ва барои босавод сохтани мардум нигаронида шуда буд ва алҳақ, ӯ ба ҳайси муаллими миллати тоҷик ва ба сифати шиносномаи миллати тоҷик дар як давраи тақдирсоз арзи ҳастӣ кардааст.623
Айнӣ ба майдони адабиёт ба сифати шоир дохил шуд ва ашъори ӯ чӣ дар даврони амирӣ ва чи дар замони шӯравӣ моҳияти маорифпарварӣ дошт. Дар даврони шӯравӣ фаъолияти устод Айнӣ хеле густариш меёбад. Ҳеч як соҳае нест, ки марбут ба миллати тоҷику Тоҷикистон бошаду устод Айнӣ чизе нанавишта бошад. Ӯ пайваста ба таълифи осори манзуму мансур, асарҳои таърихию адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва амсоли онҳо машғул шуда, дар босавод кардани мардуми тоҷик ва ташаккулу тараққии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштааст. Аз ин ҷост, ки баъд аз ба истиқлол расидани Тоҷикистон бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин унвони Қаҳрамони миллат ба номи ин бузургвор рақам зада шуд. Чорабиниҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ бахшида ба 146-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. 15-уми апрели соли равон бахшида ба ин санаи бузург дар Академияи ВКД мизи мудаввар таҳти унвони “Садриддин Айнӣ - бунёдгузори асолати сухан ва фарҳанги миллӣ” бо иштироки устодон, меҳмонон, курсантони Академияи ВКД баргузор гардид.
624Номзади илми филология, дотсент устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Хокироев Ризо дар мавзӯи “Садриддин Айнӣ - шиносномаи миллати тоҷик”, сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД н.и.пед., дотсент Давлатшозода А.Ш., дар мавзӯи “Садриддин Айнӣ бунёдгузори адабиёти шӯравии тоҷик, нависанда, олим, академик”, курсантон-аъзоёни маҳфили илмии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” дар мавзӯъҳои: “Садриддин Айнӣ - нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон”, “Садриддин Айнӣ-каҳрамони Тоҷикистон”, “Айни ва сабки нав дар шеъри форсӣ”, “Назари Садриддин Айнӣ оид ба забони адабии тоҷикӣ”, “Мавзӯи хурофотпарастӣ дар “Аҳмади девбанд”-и Садриддин Айнӣ” суханронӣ намуданд.
Чорабинии зикргардида бо қироати “Гули сурх”-и Садриддин Айнӣ оғоз гардид. Дар толор, инчунин асарҳои мондагори С.Айнӣ ба намоиш гузошта шуда буданд. Дар байни иштирокчиёни чорабинӣ баҳсҳои зиёди илмӣ дар атрофи мавзӯъҳои номбаршуда ба ҳамоиш ҳусну ҷилои тоза бахшид.
Ҳамчунин, 16-уми апрели соли 2024 маҳфили илмии курсантони кафедраи забонҳо таҳти унвони “Биёед эй рафиқон дарс хонем...” баргузор гардида, курсантон ашъори назмии Садриддин Айниро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қироат намуданд. Барои қироати беҳтарин курсантони ғолиб сазовори мукофотҳо гардиданд.
Давлатшоҳзода А.Ш., полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...