Вохӯрӣ бо хонандагон бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ»
16 апрели соли 2024 аз тарафи гурӯҳи кории кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагони синфҳои 11 бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар мавзӯи «Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инъикоси он дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа» вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ омӯзгорони кафедра ва курсантон-иштирокчиёни гурӯҳи «Санъати суханварӣ» бо маърӯзаҳои зерин баромад карданд:
1.Дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, майори милитсия Холбойзода Б., дар мавзӯи: «Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
2.Муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, Олимӣ Ҳоҷиниссо Абдусаломзода, дар мавзӯи «Соли маърифати ҳуқуқӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ»;
3.Курсанти курси 1-уми факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ Бобоев Фаридҷон, дар мавзӯи «Ҳуқуқдонӣ фарҳанги волост» баромад намуданд.