Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо хонандагон дар мавзӯи «Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва инъикоси он дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа»

61216 апрели соли 2024 аз тарафи гурӯҳи кории кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инъикоси он дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа» бо хонандагони синфҳои 9-11 муассисаи ғайридавлатии «Мактаби Амид» дар толори муассиса вохӯрӣ ва сӯҳбат гузаронида шуд.613
Дар ин ҳамоиш гурӯҳи корӣ бо маърӯзаҳо баромад карданд:
1.Профессори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, подполковники милитсия, Аҳмадзода Мухбирахон Аҳмад дар мавзуи «Правовые знания и успешное развитие основ военно-патриотического воспитания в Республике Таджикистан»;
6142.Муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия Давлатзода Наргис Давлат, дар мавзӯи «Коррупция нежелательное явление общества»;
3.Курсанти курси 1-уми факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ Зокиров Мубинҷон, дар мавзӯи Legal Knowledge and the Expansion of Cooperation with International Organizations in the Republic of Tajikistan баромад намуда, оид ба мавзӯъҳои мубрами замон ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва сари вақт гирифтани пеши роҳи он сӯҳбат гузаронида шуд.615
Инчунин дар ин ҳамоиш намояндаи Шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Шодиева М. иштирок намуда, дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ва ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳо, аз он ҷумла хатари терроризму экстремизм маълумотҳои муфид баён намуд.
Аҳмадзода М.А., профессори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...