Ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳамчун вазифа ва уҳдадории милитсия
Раванди бунёди давлатдории миллӣ ва мустаҳкам гардонидани пояҳои истиқлолияти давлатӣ дар замони ҷаҳонишавӣ фаъолияти босамари мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқро талаб менамоянд. Дар иртибот ба ин, қайд кардан ба маврид аст, ки ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва демократию дунявӣ ба таъмини амнияти давлатӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ниёз дошта, татбиқи амалии ҳолати мазкур аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти корҳои дохилӣ вобастагии калон дорад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда мешавад: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Инчунин дар моддаи 5 дарҷ гардидааст, ки «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзишӣ олӣ мебошанд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, ва риоя мекунад».
Саломатии шаҳрванд барои давлат арзиши олӣ маҳсуб меёбад. Давлат инсон шаҳрвандро арзиши олӣ дониста, амнияти ӯро таъмин менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш таъкид менамоянд, ки сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмини зиндагии арзанда барои ҳар як фарди кишвар мебошад. Бинобар ин мақомоти қудратӣ таъминкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд дар кишвар маҳсуб меёбанд.
Бинобар ҳамчун ниҳоди боэътимоди давлат - Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, баҳри пойдорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳраванд нақши муъасирро мебозад.
Дар модаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” мафҳуми милитсия чунин омадааст: милитсия мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқу тафтишот буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо муҳофизат намуда, ҳуқуқ дорад чораҳои маҷбурии дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи милитсия ва дигар қонунҳои пешбинигардидаро ба кор барад.
Милитсия ҳуқуқу озодиҳои ҳар як инсон ва шаҳрвандро, қатъи назар аз шаҳрвандӣ, ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкӣ ҳимоя мекунад. Инчунин корманди милитсия дар ҳама ҳолатҳо вазифадор аст ба шаҳрванд, шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд асосу сабаби маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин вобаста ба ин пайдо гардидани ҳуқуқу ӯҳдадориҳояшро фаҳмонад.
Милитсия дар вақти иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ дар асоси моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” вазифадор аст: ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳоро пешгирӣ намояд, сабабу шароитҳоеро, ки ба содир кардани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунанд, ошкор намуда, барои рафъи онҳо тадбирҳо андешад, бо ҳуқуқвайронкунандагон бо таври инфиродӣ корҳои пешгириро анҷом диҳад, дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон иштирок намояд, тартиботро дар кӯчаю хиёбон, боғу майдонҳо, роҳҳои нақлиётгард, вокзалу фурӯдгоҳ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ таъмин намояд, ҷиҳати рафъи оқибати садамаву фалокатҳо, сӯхтору офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳои фавқулодда, наҷот додани одамон ва расонидани ёрӣ ба онҳо, ҳифзи амволи бесоҳиб тадбирҳои фаврӣ андешад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори таъмини тартиботи ҳуқуқии вазъияти фавқулодда ё ҳолати ҷангӣ дар сурати ҷорӣ намудани онҳо дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё маҳалҳои алоҳидаи он, инчунин дар гузаронидани чорабиниҳои карантинӣ дар вақти эпидемия ва эпизоотияҳо иштирок намояд, ба шахсоне, ки аз ҳуқуқвайронкуниҳо ё фалокату офатҳо зарар дидаанд, инчунин дар ҳолати оҷизӣ ё дигар ҳолатҳое, ки барои ҳаёту саломатии онҳо зараровар аст, ёрии таъҷилӣ мерасонад.
Рӯзи 5-уми апрели соли 2024 барои дар амал тадбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани соли 2024 соли “Маърифати ҳуқуқӣ” устодони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Абдусатторзода Н.А, дар мавзуи “Ҳамкории милитсия бо ҷомеа” ва капитани милитсия Маъруфзода Маъсумахон Маъруф, дар мавзуи “Хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии гимназияи № 24 ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Хуҷанд, бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд, дар ин чорабинӣ омӯзгорон ва толибилмони синфҳои 10 -11 иштирок намуданд.
Абдусатторзода Н.А., муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия