Моҳияти ҳамкории милитсия бо ҷомеа
Ҳамкории милитсия бо ҷомеа воқеияти таърихии замони муосир дар самти пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо ба ҳисоб рафта, дар асоси Барнома ва Стратегияи ислоҳоти (рушди) милитсия ба роҳ монда мешавад. Ҳамкории мазкур мақсади таъмин ва рушди зиндагии арзандаи инсон ва эҳёи ҷомеаи бехатарро дошта, моҳияти давлати иҷтимоӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра мегардонад.
Дар раванди ҳамкории самараноки милитсия бо ҷомеа ду ҷанбаи асосие, ки ҳадафҳои асосии стратегии ислоҳоти милитсияро ташкил менамоянд, ошкор мегардад:
- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ;
- хизматрасонии сатҳи баланди милитсия ба ҷомеа.
Ҳамкории милитсия бо ҷомеа имконият медиҳад, ки шаҳрвандон бо шаклҳои гуногун дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ иштирок намуда, дар як вақт ҳавасмандии хабаррасонии амалҳои зиддиҳуқуқиро ба милитсия дошта бошанд. Яъне мушкилоти дар ҷомеа ҷойдоштаро милитсия дар доираи талаботи қонунгузорӣ бо дарназардошти манфиатҳои аҳолии маҳаллӣ бартараф менамояд.
Агар тақвият бахшидани ҳамкории байни милитсия бо ҷомеа муқаррароти қонунгузории соҳавӣ бошад, амалӣ гардонидани он омӯзиш, таҳлил ва истифодаи таҷрибаи давлатҳои муваффақро тақозо дорад.
Дар раванди чунин ҳамкорӣ истифодаи усулҳои самаранок бо талаботи принсипҳое амалӣ карда мешаванд, ки маҳз ба ҳамин мақсад муайян карда шуда, хусусияти умумӣ доранд.
Дар раванди ҳамкории милитсия бо ҷомеа нақши чорабиниҳои профилактикӣ, бахусус профилактикаи баъзе амалҳои зиддиҳуқуқие, ки мушкилоти мубрами рӯзро ташкил менамоянд, меафзояд (зуроварӣ дар оила, ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, амалҳои экстремистӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва ғайра).
Банақшагирии фаъолият дар ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳимро ишғол намуда, масъулияти кормандро ҷиҳати сари вақт иҷро намудани вазифаҳои хизматиаш баланд мегардонад. Ҳамчунин ҳисоботдиҳии милитсия дар назди аҳолӣ, ки яке аз элементҳои асосии ҳамкорӣ бо ҷомеа мебошад дар асоси нақшаи фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ карда мешавад.
Нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти кормандони милитсия дар ҳамкорӣ бо ҷомеа муайян гардида, натиҷаи он баҳогузорӣ карда мешавад ва аз натиҷаи баҳогузории фаъолияти кормандон интизориҳои стратегии банақшагирифта муайян карда мешаванд.
Ҳамкории милитсия бо ҷомеа ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти (рушди) милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, пеш аз ҳама бо мақсади ҳалли вазифаҳо оид ба мукаммалгардонии дастрасии милитсия ба ҷомеа, таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, пешгирӣ, ошкор намудан ва кушодани ҷиноятҳо, дигар ҳуқӯқвайронкуниҳо ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ амалӣ гардонида мешавад.
Ҳадафи асосии ислоҳоти милитсия дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ин муқаррар кардан, баланд бардоштан ва нигоҳ доштани муносибатҳои мутақобилаи ҳамкории ҳаматарафа ва эҳтиромонаи милитсия ва дигар мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳалли якҷояи мушкилотҳо, шаффофият дар фаъолияти милитсия, муборизаи дастҷамъона бо ҷинояткорӣ, пешгирии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, нигоҳ доштани муҳити иҷтимоии бехатар ва давра ба давра беҳтар кардани фаъолияти милитсия мебошад.
Дар доираи ҳамкорӣ милитсия бо ҷомеа наздик шуда, эътимоду боварии халқ ба фаъолияти он меафзояд. Фаъолияти дастаҷамъона баҳри пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо натиҷаи ҳамкории самараноки милитсия бо ҷомеа мебошад, ки дар ин асно худи ҷомеа хабар додани содиршавии ҷиноят ва дигар ҳодисаҳоро вазифаи муқаддаси шаҳрвандии хеш меҳисобад.
Натиҷаи ниҳоии ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмини мақсадноки тартиботи ҷамъиятӣ ва муҳити иҷтимоии бехатар ба ҳисоб рафта, барои зиндагонии осоиштаи мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуда, рушду тараққиёти давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқ таъмин мегардад.
Ҳамкории милитсия бо ҷомеа яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти милитсия дар доираи Стратегия ва Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсияи Тоҷикистон мебошад, ки аз амалишавии он иҷроиши дигар самтҳои ислоҳот вобастагии калон дорад.
Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории самараноки милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ андешидани чораҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад:
- назорат оид ба риоя ва иҷрои муқаррароти Консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар фаъолияти хизматии кормандони милитсия;
- ташкили фаъолияти самараноки Шуроҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ;
- такмили фаъолияти ниҳодҳои дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатӣ ва дигар шаклҳои ҳамкории шаҳрвандон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ;
- иттилоотонии аҳолӣ оид ба вазъи криминогении маҳал ва натиҷаҳои фаъолияти хизматии мақомоти милитсия.
Мутобиқи муқаррароти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи давлатии шахсони ба милитсия ҳамкорикунанда кафолат дода мешавад.
Таъмини муҳити бехатар ва босуботи зиндагии аҳолӣ моҳияти ҳамкории милитсияро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ пурра гардонида, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат (милитсия) нисбат ба шаҳрвандон ба ҳисоб меравад ва самаранокона иҷро шудани ин вазифа имкониятро фароҳам меорад, ки ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон бо назардошти ормонҳои аҳолӣ ба роҳ монда шавад.
Ҳамкории босамари милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун усули фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ба таври доимӣ дар муошират ва коргузорӣ қарор доштани милитсия ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Болоравии мунтазами нишондиҳандаҳои кории фаъолияти милитсия дар самти ҳуқуқмуҳофизавӣ натиҷаи ниҳоии ҳамкории милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил менамояд.
Раҳимзода А.Р., омӯзгори Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия