Ҳимояи рисолаи номзадӣ дар Шурои диссертатсионии Академияи ВКД
27-уми марти соли 2024, дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-043 назди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи ошкорои диссертатсияи Салимов Баҳромҷон Азизович дар мавзӯи «Хусусиятҳои тактикии ошкор ва сабти иттилооти исботкунандаи электронӣ-рақамӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.12. - Криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баргузор гардид.
Раванди баргузории ҳимояи ошкороро раиси Шурои диссертатсионӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ тибқи талаботи Низомномаи шурои диссертатсионӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, таҳти №267 тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монд.