Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Викторина доир дар мавзӯи таърихи Наврӯзи оламафрӯз

692

20-уми марти соли 2024 дар кафедраи Фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи муаллими калони кафедра подполковники милитсия Олимӣ Ҳ.А. дар доираи ҷамъияти илмии курсантон маҳфили «Ориён» бахши ҷамъиятӣ, дар мавзӯи «Наврӯзи оламафрӯз» викторина бо курсантони курси 2-юми ихтисоси ҳуқуқшиносии факултети №4 ташкил ва гузаронида шуд.

Бо мақсади фаҳмиши савияи худшиносиву худогоҳии курсантон дастаи «Фарвардин» ва дастаи «Баҳористон» ташкил карда шуд. Зимни қувваозмоӣ дар викторина курсантони бахши шиносоӣ бо номи «Фарвардин» ва «Баҳористон» саволу ҷавоб доир ба таърихи Наврӯзи оламафрӯз, лаҳзаи фароғатӣ аз қабили саҳнача, маърӯзаи беҳтарин доир ба Наврӯз баргузор намуданд.
Дар охири викторина аз тарафи ҳакамон: полковники милитсия Юсуфзода А.Ю. ва Султонзода Б.С. дастаи ғолиб «Баҳористон» ҳисобида шуд.
Олимӣ Ҳ.А., подполковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...