Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватан

587«Мо аз ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро ки нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошанд. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯстиву ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд». Эмомалӣ Раҳмон


Дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз санаи 28 декабри соли 2023 ва мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин, аз 9 марти соли 2024, таърихи 2-юми апрели соли 2024 мулоқоти самимӣ ва суҳбати озоду ошкорои кормандони кафедраи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, ки дар он садорати донишгоҳ ва донишҷӯёну ҳайати устодон ширкат намуданд.
Мақсад аз роҳандозии ин чорабинии илмӣ - тарбиявӣ пеш аз ҳама таълиму тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарсатӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, пос доштани хотираи неки абармандон, пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳар гуна кирдорҳои ношоиста, аз ҷумла терроризму экстремизм ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон дар раванди ҷаҳонгароӣ маҳсуб меёбад.588
Бо мақсади дар сатҳи баланд татбиқ намудани супоришҳо ва расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи муаллими калони кафедраи ФОҶ МКД, подполковники милитсия Абдураҳмонзода И.И. зикр намуд, ки дар доираи эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ҳамзамон доир ба иҷрои босифати дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки санаи 9 март дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷиҳати коҳиш додани вазъи ҷинояткорӣ вазифагузорӣ намуда буданд, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳои махсус таҳия намуда, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, мубориза зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, пешгирии хурофотпарастӣ ва ифротишавии ҷомеа, огоҳӣ пайдо намудан аз сатҳи ҷинояткорӣ ва дар ин замина бедор намудани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ суханронӣ намуд.
589Дар идома муаллими кафедраи ФОҶ МКД, лейтенанти милитсия Муродзода Ф.Ғ., барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, истифодаи телефонҳои мобилӣ, ҳушёрии сиёсӣ, бехатарии шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва тарзи нодуруст қабул ва ирсол кардани паёмакҳо баромад намуда, ба иштироккунандагони чорабинӣ зарурияти ин масъаларо фаҳмониданд.590
Инчунин аз тарафи муаллими кафедраи ФОҶ МКД, лейтенанти калони милитсия Ревазода М.Р. дар партави муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат, дар мавзӯи «Ҷавонон ояндаи миллат», масъалаҳои одобу ахлоқи ҷавонон, донишомӯзӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, саҳмгузорӣ дар рушди кишвар, ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва эҳтироми падару модар, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии китобхонӣ «Фурӯғи субҳи доноӣ», барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангӯ шудан бояд саҳми арзандаи худро гузоранд аз ҷумла, зимни суханронии худ лейтенанти калони милитсия Ревазода М.Р. таъкид намуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷискистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун оғози ислоҳоти бузурги маънавӣ барои имрӯз ва фардои Тоҷикистон аҳамияти бузурги амалиро дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва маданияти маъракаороӣ доро аст. Сазовор ба ёдоварист, ки қонун ҳамчун нахустин қонуни миллӣ дар беҳтар намудани роияи урфу одат ва анъанаҳои миллӣ аз назари ахлоқи миллӣ ва башарӣ мутобиқ ба санадҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ дар низоми қонунгузорӣ ва мустаҳкам намудани риояи дигар санадҳои қонунгузорӣ аз ҳар ҷиҳат баромад намуд.
Дар ҷараёни суҳбат аз тарафи донишҷӯёни мазкур саволу ҷавоб сурат гирифта, онҳоро барои эҳтироми муқаддасоти Тоҷикистон, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат ва соҳибкасбу соҳибҳунар гардидан даъват намуд, инчунин декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Ӯлмасзода Замирахон Ҳабибулло, ҷиҳати баргузории чорабинии имрӯза изҳори қаноатмандӣ намуда, пешниҳод намуд, ки чунин баромадҳою вохӯриҳо бештар доир карда шавад.
Вохӯрӣ дар фазои озод ва самимӣ баргузор гардид.
Ревазода М.Р., муаллими кафедраи ФОҶ МКД, факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...