Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Базми шеъру суруд дар васфи Ватан ва Истиқлолият дар Академияи ВКД

85

Рӯзи 4-уми апрели соли 2018, дар толори Академияи ВКД чорабинии фарҳангӣ бо номи «Базми шеъру суруд дар васфи Ватан ва Истиқлолият» бо иштироки узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аълочии фарҳанг, шоири ширинкалом Хайрандеш ва ҳунарманди халқии Тоҷикистон устод Қурбоналӣ Раҳмон баргузор гардид.
Чорабинии фарҳангиро сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариши фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, аҳли фарҳангу ҳунарро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд ва имсол «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст.

86

Дар ҳамин асос бо дастгирии ҳамаҷонибаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баҳри баланд бардоштани сатҳи фарҳангии кормандон чорабиниҳои фархангӣ бо аҳли ҳунар ва зиёиён мунтазам гузаронида мешаванд, ки чорабинии имрӯза низ тараннумгари шеъру суруд дар васфи Ватан ва Истиқлолият мебошад.

87
Дар чорабинӣ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аълочии фарҳанг, шоири ширинкалом Хайрандеш ва ҳунарманди халқии Тоҷикистон устод Қурбоналӣ Раҳмон ширкат доштанд, ки бо эҷод ва ҳунари худ хотири ҳайати шахсиро шод намуданд.
Шоири ширинкалом Хайрандеш аз ашъори хеш шеърҳо хонда, устод Қурбоналӣ Раҳмон сурудҳои дилошӯбро аз эҷодиёти шоир Хайрандеш бо маҳорати баланд сароид. Ҳамчунин курсантони факултети№2 аз ашъори Хайрандеш шеърҳо қироат намуданд.
Аз базми шеъру суруд дар васфи Ватан ва Исиқлолият курсантони Академия завқи баланди эстетикӣ бурда, меҳру муҳаббаташон ба Ватан афзуда, бо рӯҳияи баланд аз Истиқлолияту ваҳдати миллӣ сипосгузорӣ намуданд.
Чорабиниро бо сухани хотимавӣ сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ҳусни анҷом бахшида, ба устодони каломи бадеъ ва ҳунар барои чунин чорабинии фарҳангии сатҳи баланд арзи минатдорӣ намуд.
Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...