ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ №4 АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мувофиқи қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардида, акнун Наврӯз ҳамасола дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад.
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон Наврӯз бо тамоми шукуҳу ҷалолаш эҳё гашта, ба ҷашни асосии миллии тоҷикон табдил ёфт ва имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ бошукуҳ гузаронида мешавад.
Ба ҳамин муносибат санаи 20.03.2024 дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон, собиқадрони соҳа, роҳбарият ва ҳайати шахсӣ дар саҳни факултет чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Дар оғоз сардори факултет, н.и.ҳ., полковники милитсия Ғафурӣ М.С., дар баромади табрикотии худ иброз дошт, ки ойину суннатҳои Наврӯз ба андозае зебову ҷаззоб, саршори ормонҳои наҷиб ва мардумиву заминӣ мебошанд, ки давоми садсолаҳо аз ҷониби бисёр халқу миллатҳои дигар пазируфта шуда, ба рукни фарҳанги онҳо табдил ёфтаанд ва ҳамчун иди миллии бисёр мардумони минтақа ва ҷаҳон ҷашн гирифта мешаванд.
Воқеан, Наврӯз дар миёни аҳли башар ягона ҷашнест, ки оину суннатҳои зиндагисози он аз гузаштаҳои ниҳоят дури таърихӣ то ба имрӯз боқӣ монда, эътибору манзалати худро ҳифз намудааст, ки онро миллату халқҳои дигар ҳамчун дастоварди беназири фарҳанги ориёӣ пазируфта, бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.
Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллии мо – Садда, Тиргон ва Меҳргон падидаҳои нодире мебошанд, ки дар тӯли таърихи чандин ҳазорсолаи халқамон ҳамчун омилҳои пояндагии мо – тоҷикон нақши барҷаста бозидаанд.
Гуфта шуд, ки Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллии мо ба шумор рафта аз рӯзгори қадим ибтидо гирифта, то ба имрӯз ғоя ва анъанаҳои олии миллӣ ва умумибашариашро бо беҳтарин ваҷҳ идома мебахшад.
Бахусус, пас аз қабули қатъномаи иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 23 феврали соли 2010 оид ба ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз шукуҳу эътибори он дар саросари ҷаҳон нуфуз ва доманаи густариши бештар пайдо намуд.
Дар чорабинии мазкур бо иштироки курсантони факултет чорабиниҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида шуда, ғолибон аз тарафи роҳбарият қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳайати профессорону омӯзгорон, курсантон ва шунавандагони ин боргоҳи маърифат либоси идона ба бар намуда, дасторхони наврӯзӣ оростанд. Аз ҷобини дастаи ҳаваскорони вилояти Суғд бо иштироки курсантон барномаи рангини консерти пешкаши ҳамагон гардонида шуд.
Сарнозири маркази бақайдгирӣ
ва машваратии қисми таълимии
факултети №4, капитани милитсия Самадзода И.А.