Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории маҳфили илмӣ-адабӣ бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Академияи ВКД

571Санаи 18 – уми марти соли 2023 дар Академияи ВКД бо ибтикори ҷамъияти илмии «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ»-и кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 бахшида ба таҷлили ҷашни байналмиллалии Наврӯзи Аҷам, маҳфили илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Наврӯз ва расму ойинҳои миллӣ» баргузор гардид.572
Маҳфили илмӣ-адабиро бо сухани муқаддимавӣ роҳбарияти Академия ифтитоҳ намуда, бо ин иди фархунда ҳозиринро табрик намуданд.
574Дар кори маҳфили илмӣ-адабӣ меҳмонон, омӯзгорон ва курсантон, аз ҷумла сардори шуъбаи илмии ШТИ ва ТН, н.и.ҳ., майори милитсия Заробиддинзода С.З. ширкат намуда, Муҳаммад С.А. - сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.с., дотсент, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Рамзҳои наврӯзӣ ва аҳамияти онҳо», Асламов Б.С. - ходими калони шуъбаи адъюнктура дар мавзӯи «Ташаббусҳои Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии Наврӯз», Бойзода Ҷ. Ҷ.- дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия дар мавзӯи «Гиромидошти Наврӯз дар фарҳанг ва тамаддуни форсу тоҷик». Султонзода В.И. – муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, майори милитсия, дар мавзӯи «Наврӯз дар сарчашсаҳои таърихию адабӣ». Саидзода М.А.– муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, лейтенанти калони милитсия, дар мавзӯи «Наврӯз: аз ойинҳои мардумӣ то ҷашни байналмилалӣ», Одинаев С. – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, лейтенанти милитсия, дар мавзӯи «Мақом ва манзалати Наврӯз дар тамаддуни форсу тоҷик», Бердиёров Б.- курсанти курси 2-юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Тоҷикистон-ватани Наврӯз аст», Раҳмонов Т.К.- курсанти курси 1-уми факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Наврӯз ҷаҳони шуд», Худоназарова П.Ф.- курсанти курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Санаҳои таърихии наврузӣ дар Бадахшони Тоҷикистон», Сафоев Р.- курсанти курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Наврӯз иди ниёгони мо» маърӯзаҳои илмӣ намуданд. Курсантон Мирзоев Н.К., Орипов М.Ҳ., Раҳимова Ф.Х., Султонмуродов С.Н., дар васфи Наврӯз шеърҳо қироат намуданд.
Дар анҷоми маҳфили илмӣ-бадеӣ сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, н.и.с., дотсент, подполковники милитсия Муҳаммад С.А., ва ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академия, полковники милитсия Асламов Б.С. сухани ҷамъбастӣ намуда, аз ҷумла иброз намуданд, ки Наврӯз мақоми ҷашни байналмиллалиро бо ибтикор ва саъю талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиб гардидааст. Ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, ки Наврӯз ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар сатҳи ҷаҳонӣ ботантана таҷлил гардида, аз арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии тоҷикон дарак медиҳад
Султонзода Вамариҷ Иброҳим омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...