Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин

569Бо мақсади иҷрои дастуру супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал – полковники милитсия, Раҳимзода Рамазон Ҳамро, инчунин доир ба иҷрои банди 2 Нақша чорабиниҳои Академияи ВКД ва факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳо, ки тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки санаи 9 марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи "Кохи Ваҳдат" баргузор гардид, дар ҷузъу томҳо ва Раёсату Шубаҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.570
Санаи 15 марти соли 2024 дар рафти гузаронидани машғулиятҳои соати кураторӣ аз ҷониби кураторони гурӯҳҳои таълимӣ ба саҳми курсантон муҳтавои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин расонида шуд.
Ҳамзамон, санаи 16-уми марти соли 2024 ҳайати шахсии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти мазкурро дастаҷамъона тамошо намуданд.
Ҳайати доимии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои муҳими ин мулоқотро сармашқи минбаъдаи фаъолияти худ қарор доданд.
Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоти мазкур иброз карда шуд, ки дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нақша – чорабинии алоҳида тартиб дода шуда дар он масъалаҳои ташвиқу тарғиб, нашри мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар маҷаллаҳо ва васоити ахбори омма, ташкил ва баргузор намудани вохӯриҳо бо курсантон, шунавандагон давра ба давра амалӣ карда мешаванд.
Сарнозири маркази бақайдгирӣ
ва машваратии қисми таълимии
факултети №4, капитани милитсия Самадзода И.А.

 с

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...