Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳфили фарҳангӣ дар факултети №4 Академияи ВКД

82

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад.

83

Наврӯзи таърихие, ки аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид пайғоми Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон барои даҳсолаи оғози барномаи рушд дар таъмини оби нӯшокӣ ба тамоми олам садо дод ва барои мо муждаҳои тозае аз бозсозии сарҳадҳои байни кишварҳои дӯсту ҳамсояи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон овард.
Маҳз бо ҳидояти Сарвари мамлакат имрӯз дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Ин базми шодӣ идомаи ҷашнвораҳои бузургу рангини кишвари азизамон ба ифтихори Наврӯзи оламафрӯз буд.
Дар ин маҳфил сарояндаи ансамбли «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва Радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Амонқулова ва сарояндаи ҷавон Фаридуншоҳ Иброҳимзода иштирок намуда, табъи ҳозиринро шод гардониданд.

84
Бояд мутазаккир шуд, ки ин аввалин маҳфили фарҳангӣ дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки санъаткорони варзида мебошад. Дар идомаи маҳфил ҳозирин бо ҳофизаи хушовоз, бонуи зебо, боиффат, дилрабо ва ҳусни фариштахӯ, булбули санъати тоҷик суҳбат ороста, доир ба қадамҳои аввалини он кас ба ҷодаи санъат, фикру назари эшон доир ба санъати тоҷик пурсон шуда, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Нигина Амонқулова бо садои хушовозаш ҳамаро мафтун намуда, дар қалбу рӯҳи мо лона гузошта, дарду дил ва ишқи поки инсониро фарогир кард.
Пас аз сурудҳои дилангез аз номи роҳбарияти ВКД ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли ҳунар «Сипоснома» ва дастагули тару тоза тақдим карда шуд.

Баҳодурзода М., муаллимаи кафедраи тайёрии
ибтидоӣ ва такмили ихтисос, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...