Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарси факултативӣ аз фанни «Этика ва психологияи касбӣ»

80

Бо супориши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар толори лексионии факултети №3 бо иштироки васеи шунавандагон ва роҳбарияти факултети мазкур дарси факултативӣ аз фанни «Этика ва психологияи касбӣ» баргузор гардид.
Дар асоси супоришҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баҳри тақвияи одоби касбӣ ва санъати суханварӣ, маданияти либоспӯшӣ, муовини сардори факултети №2 полковники милитсия Асламов Б.С. бо маърӯза баромад намуда, оиди сиёсати фарҳансолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълони соли 2018-ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, проблемаҳои маданияти муоширати кормандони милитсия бо шаҳрвандон, психологияи муроҷиат ва усули корӣ бо табақаҳои васеи ҷомеа, алалхусус сайёҳони хориҷӣ маълумоти муфассал дод.
Шунавандагони факултети №3 бо мароқи зиёд дарсро гӯш карда, пайравии худро аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда, аз тадбирҳои андешидаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар самти одоби касбӣ, шароитҳои таҳсил дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

81
Дар ин самт чандин санадҳои дохилиидоравӣ ба тавсиб расидаанд, ки этика ва психологияи касбии кормандон ва хизматчиёни ҳарбии мақомоти корҳои дохилиро ба танзим дароварда, имидж ва манзалати корманди милитсияро дар ҷомеа баланд мебароранд.
Дарси факултативӣ аз фанни «Этика ва психологияи касбӣ» бо шунавандагони факултети №3 шавқовар гузашта, бо саволу ҷавоб ва мубоҳиса анҷом пазируфт.
Амрудинзода М., Асламов Б.С.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...