БУЗУРГДОШТИ ЗАН-МОДАР АЗ НИГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими инсоният аст.
Донистани қадру қимати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди баору номус аст. Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии зан-модар ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фурӯд овардаанд.
Бояд гуфт, ки дар тамоми баромаду суханрониҳои худ ва Паёмҳою анҷуманҳо Пешвои муаззами миллат нисбати занону модарон бо меҳрубониҳои хосса ҳарф мезананд.
Ёдовар мешавем, ки 8 март аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун «Рӯзи модар» таҷлил мегардад. Ин рӯз бо мақсади бузургдошти Зан-Модар, ки офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила медошад, «Рӯзи модар» эълон гардидааст.
Дар зер тавонистем аз баъзе баромадҳо ва суханрониҳои Пешвои миллат, ин абармарди сиёсат, ки дар давоми солҳои гуногун нисбат ба Зан-Модар лутф шудаанд, бардошт карда бошем:
***
Занону модарон нигини пурҷилои тоҷи миллатанд.
***
Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад.
***
Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.
***
Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.
***
Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.
***
Беҳуда нест, ки бузургони олам дар назди қадру манзалати зан - модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ӯ воқеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Дар ҳақиқат, мақому мартабаи зан дар ҷомеае, ки худро пешрафтаву мутамаддин мешуморад, басо арзанда ва баланд аст.
***
Ба ӯҳдаи зан — модар, ки меҳвари асосии ҳар хонадон аст, аз рӯзи азал вазифаи муқаддас ва басо масъулиятнок— тарбияи инсони нав ва дар ниҳоди вай ҷойгир намудани ахлоқи ҳамида, шафқат ва муҳаббат, эҳсоси ватанпарварию миллатдӯстӣ, қудрати созандагию офаридагорӣ гузошта шудааст.
( Аз суханронӣ ба муносибати Рӯзи байналхалқии занон — 8 март 07.03.2001.)
Зан-модар олиҳаест, ки нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз ӯст.
***
"Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан-модар - сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад".
***
Модар нахустин мураббии фарзанд буда, фарзандонро дар мактаби оила ба камол мерасонад. Аз ин лиҳоз, оила макони тарбияи камолоти маънавию ҷисмонии фарзанд аст ва ҳар як модар бояд дар тарбияи фарзанди худ нақш ва масъулияти ҳалкунанда дошта бошад. Модар фарзанди худро тавре ба камол расонад, ки ба гуфтаи халқ ба боғи падар табдил ёбад.
***
Таърих гувоҳ аст, ки агар забон ва фарҳанги миллӣ аз байн равад, миллат низ дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Забони модарӣ сарчашмаест, ки фарзандро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад. Ифтихори ватандориву ватанпарастӣ, ҳуввияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ низ аз дӯст доштани лафзи модарӣ ва эҳтироми таъриху фарҳанг сарчашма мегирад.
(Аз суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони занони мамлакат 07.03.2006.)
***
Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Ба таъбири дигар зан-модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва назокату малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад.
***
Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст.
***
Имрӯз модари тоҷик бо сари баланд ифтихор дорад, ки ба монанди Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имом ал-Бухорӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯнасри Форобӣ, Муҳаммад Мӯсои Хоразмӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Абӯисои Тирмизӣ, Камолиддини Беҳзод, Сайидои Насафӣ, Носири Бухороӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода садҳо фарзандони фарзона, нобиғагони бузург ва номбардорони миллати худро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати поки худ парваридааст ва онҳоро ба хизмати башарият додааст.
***
Нақши модар дар тарбия, нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзанди худ бузург мебошад. Сабақи аввалини модар ба фарзанд аз омӯзонидани забон шурӯъ мегардад ва бо нақли афсонаҳо ва қироати ашъору панди бузургон дар замири ӯ хислатҳои наҷиби инсониро ҷой медиҳад.
Фарзанди ҷисман ва аз ҷиҳати маънавӣ солим ва фарзанде, ки аз лаҳни ширини модар панду насиҳат мешунавад, ба қадри модари худ, миллати худ, Ватани худ, забони шевои модарӣ, таъриху адабиёт ва фарҳанги куҳанбунёди миллати тамаддунофари худ мерасад.
***
Модар гаҳворабони забони адабӣ аст.
(Аз суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони занони мамлакат 06.03.2007)
***
Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас зан-модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст. Дар ситоиши зан-модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.
***
Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
(Аз Паёми табрикӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон 07.03.2008)
***
Ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шаборӯзии модар аст.
***
Ҳамду сано ба зан - модар, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ӯст.
(Аз Паёми табрикӣ ба муносибати Рӯзи модар 08.03.2010).
***
Модар, воқеан, нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид».
(Аз Паёми табрикӣ ба муносибати Рӯзи модар 07.03.2011).
***
Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст.
***
Оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи нерӯи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан-модар вобаста аст.
***
Боиси ифтихор аст, ки садҳо нафар фарзонаҳои илму адаби ҷаҳонро модарони тоҷик ба дунё овардаанд.
***
Тавъам омадани ду ҷашн - Рӯзи Модар ва Наврӯзи хуҷастапай дар кишвари биҳиштосои мо худ рамзи баҳори шукуфони сарзамини аҷдодиамон мебошад. Зеро зан – модар худ гул ва баҳори зиндагии башар аст. Дар ин маврид яке аз бузургони гузашта барҳақ фармудааст: “Ҳеҷ гуле атр, ранг ва зебоии модарро надорад”.
(Аз суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони занони мамлакат 06.03.2012).
***
Зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шурӯъ мешавад.
***
Модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад.
***
Зане, ки соҳибмаърифату соҳибҳунар аст, ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа низ эҳтироми хос мегузорад, ба ин хотир, ки дар раванди созандагӣ ширкат дорад ва худ дар сохтани ин ҷомеа саҳмгузор аст.
***
Бузургони илму адаб занро шоҳкори табиат ва тоҷи офариниш донистаанд. Бешак, сарчашма ва сароғози ҳар кори бузург зан - модар мебошад.
***
Меҳру муҳаббати занони тоҷик аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, бо тору пуди ҷашни бузурги миллиамон - Наврӯз омезиш ёфта, ба гулҳои ҳамешабаҳори Тоҷикистон мубаддал ёфтаанд. Зеро зан ва гул ҷаҳонро зебоӣ мебахшанд.
***
Занон гулҳои осмониро дар ҳаёти замин мекоранд, ҷомаи дилпазиру зебои ишқро дар замири худ мебофанд ва эҳсосоти латифро дар пардаи покиву покдоманӣ мепарваранд.
(Аз суханронӣ ба муносибати Рӯзи модар 07.03.2013).
***
Модар сафобахшандаи ҳаёт буда, аз ҳама қиматтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми ҷаҳон саховатмандона нурпошӣ мекунад.
***
Модар ба истилоҳ вожае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад ва ҳар қадаре, ки муҳаббати инсоният ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон мегардад. Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст ва ӯ ситораи дурахшонест, ки бо нерӯмандии атокардаи Худои мутаол роҳи фарзандро дар тӯли зиндагӣ равшан месозад.
(Аз Паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи модар 07.03.2014)
***
Модарон бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан – модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд.
***
Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.
***
Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.
***
Бояд гуфт, ки дар даврони истиқлолият ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии занону духтарон беш аз 20 ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ қабул карда, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 узви Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан гардид, ки ин санадҳо барои фаъолияти занону бонувон заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварданд.
***
Бузургони гузаштаи мо, ба мисли устод Рӯдакӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Имоми Аъзам, Унсуралмаолии Кайковус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон оид ба тарбияи фарзанд ва нақши оила рисолаву осори зиёде таълиф намудаанд, ки дар онҳо доир ба мақоми падару модар, интихоби ҳамсар, одобу маърифати зан ва монанди инҳо дастуру насиҳатҳои бисёр арзишманд мавҷуданд.
***
Падари таърих Ҳеродот асрори бузурги мардуми ориёиро ҷустуҷӯ намуда, омили асосиро дар анъанаи неки тарбияи фарзанд ва муҳаббат ба Ватан дидааст.
***
Зан-модар посдори забони миллӣ низ мебошад. Беҳуда халқ забони давлатиро забони модарӣ намегӯяд.
(Аз суханронӣ ба муносибати Рӯзи модар 06.03.2015).
***
Меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошад.
***
Суруди аввалине, ки ба гӯши фарзанд расида, ӯро хоби роҳат мебахшад, аллаи рӯҳнавози модар аст.
***
Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад.
***
Бӯи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз зудуда намегардад.
***
Беҳуда нест, ки гузаштагони хирадманди мо ҳанӯз чанд ҳазор сол қабл ҷашни модарро бо номи «Сипандормуз» таҷлил мекарданд ва ҳар субҳ рӯзи худро бо ниёиши неку хайрхоҳонаи «Дуруд ба зан, дуруд ба мард, дуруд ба зиндагӣ» шурӯъ менамуданд.
***
Зан – модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад.
***
Агар ободиву суботи ҷомеаро осоишу оромии ҳар як оила таъмин намояд, дар навбати худ, ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан – модар сарчашма мегирад.
***
Модар бароямон на танҳо азизтарин шахс, балки гаронбаҳотарин сарвати миллату давлатамон ба шумор меравад.
***
Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, рӯҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва нерӯи зиндагӣ ато мекунад.
***
Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.
***
Дуруд ва ҳамду сано ба модар – фариштаи ҳаёт ва ҳомии зиндагии башар дар рӯи замин!
Сано ба модар - ин олиҳаи меҳру шафқат, раҳнамову раҳбар ва азизи ҳар як хонадон!
Зиҳӣ, занону бонувони шарафманд ва шӯълаи ишқи ҳаётбахш!
(Суханронӣ ба ифтихори Рӯзи модар 07.03.2017.)
Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад.
***
Модар аввалин шахсест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад.
***
Зан-модар ба мисли баҳори пурнакҳату муаттар таҷассумгари фардои обод буда, бо нияту орзуҳои нек фарзанди худро ба камол мерасонад ва ӯро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ҳидоятгару насиҳатгар мебошад.
***
Шахс нахустин дарси одамияту худшиносиро аз модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад.
***
Бузургии зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад.
***
Нақши модар, махсусан, дар раванди таълиму тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман, камолоти маънавии фарзанд барҷаста мебошад.
***
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, пас ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан - модар вобаста аст.
(Аз табрикномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи модар 07.03.2018.)
***
Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.
***
Дар замири фарзанд тарбия кардани эҳсоси садоқату самимият, некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва ташаккули маънавии наслҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии модарони мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубон мебошад.
***
Миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибатҳои хонаводагӣ ва таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳое эҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони арҷманди мо барои наслҳои имрӯзу фардо низ чун мактаби беҳтарини зиндагӣ хизмат мекунанд.
(Аз табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар 07.03.2019).
Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, чунин суханонро ҳеҷ каси дигар намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад.
***
Барои падару модар авлотарин давлат фарзанди солиму солеҳ ва хушбахт аст ва барои фарзанд низ падару модар доштан беҳтарин сарват мебошад.
***
Мафҳумҳои муқаддаси “Модар” ва “Ватан” бо ҳам тавъам буда, фарзандони ватандӯстро маҳз модар ба дунё меорад ва муҳаббати Ватанро бо шири сафедаш дар вуҷуди фарзанди худ ҷой мекунад.
(Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар 07.03.2020)
Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд.
***
Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст.
(Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар. 07.03.2021)
Зан – модар ойинаи чеҳранамои миллат мебошад.
***
Зан – модар табиатан офаранда, созанда, парваришгар, ҷомеасозу ояндасоз ва идомабахши ҳаёт мебошад.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар. 7 марти 2022
Ба оғози баҳор ва давраи омодагӣ ба Наврӯз рост омадани Рӯзи Модар рамзи ҳамоиши ду неруи бузурги зиндагиофар аст. Зеро, агар Наврӯз оғози эҳёи табиат бошад, зан – модар офарандаи ҳаёти инсонӣ мебошад. Ба ибораи дигар, зиндагии аҳли башар аз домони поки модар ва шири сафеду ҷонбахши ӯ сарчашма мегирад.
***
Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст. Маҳз ба ҳамин хотир, модарро дар адабиёти ҷаҳонӣ «фариштаи меҳр» ва «мавҷуди муқаддас» номидаанд.
(Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар. 7 марти соли 2023)
Ин чанде аз дурдонаҳои гавҳарсифат, ки ба ифтихори занону модарон аз тарафи Пешвои муаззами миллат гуфта шудаанд, барои тарбияи ахлоқии ҷомеа зарур мебошанд.
Зиҳӣ, зан-модари қаҳрамонофари тоҷик !
Бойзода Ҷамшед Ҷумабой, полковники милитсия,
Исматова Ситорабону, лейтенанти милитсия