Модари мехрубони ман
Бешак дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравии босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳарчи бештари фарзандони хуб тарбия хоҳад ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар дунё ширинтар аз калимаи модар ва гуворотар аз суханони пурмуҳаббати ӯ каломе нест. Модар сарчашмаи тамоми некиҳо ва оғози ҳамаи хубиҳост. Чеҳраи гарму дили бузургаш сафобахши зиндагии фарзанд аст. Модар офтоби дурахшонест, ки бо нуру зиёи хеш рӯзгори фарзандро равшану мунаввар месозад, бо анвори пурҷилояш гармиву саодат ато мекунад.
Воқеан модар азизтарин ва меҳрубонтарин шахс барои ҳар яки мост. Дасти дуои модар ва суханони самимонааш роҳи зиндагии фарзандро рӯшан мекунад. Орзуву таманниёташ ибтидои хубиву оғози муваффақиятҳост. Модар чун дарахти пурсамарест, ки фарзандони парвардааш чун меваҳои ширин ба камол мерасанд. Хуршедест дар осмони дили фарзанд, ки бо партави ҷонбахшу нурофаринаш зиндагиро гармиву саодат ато мекунад ва нерӯи зистан мебахшад.
Ёдам мерасад, айёми тифливу давраи кӯдакӣ, хандаи маъсуму ширини зиндагӣ, ки дар оғӯши гарми модар, дар домани пурмеҳраш сипарӣ мегашт. Ҳар субҳ бо табассуми ширину каломи пурмеҳр аз хоб бедор намуда, бо дуову орзуҳои нек ба мактаб гусел мекард. Нисфирӯзӣ чун ба хона мерасидам, бӯйи нони гарми танӯрӣ диламро ба ҷӯш меовард. Модарам бо чашмони пазмон маро пешвоз мегирифт ва рӯзгор аз гармии ҳузураш таровати тоза меёфт.
Имрӯз ман дигар он тифли хурдсол нестам, ки дар оғӯши гарми модар беғамона болу пар мезадам. Акнун айёми тифлӣ гузаштаву давраи кӯдакӣ доманкашон рафта. Ҳоло ман ҷавоне ҳастам, ки қадам ба ҷодаи маърифат мегузорам ва тамоми кӯшишу заҳматҳоямро барои таҳсили илм равона месозам. Албатта, орзуи модарам аст, ки ман дар оянда соҳиби касбу ҳунар гардам ва фарзанди некному сарбаланд бошам. Барои ободии халқу ватан ва пешрафту тараққиёти кишвар саҳми худро гузорам.
Ман бовар дорам, ки орзуи модарамро амалӣ месозам ва чун фарзанди хушиқбол ҳамеша хизмати ватан ва волидайнро ба ҷо меорам.
Тамоми суханварони олам дар васфи бузургиву қудрати модар беҳтарин суханонро ба кор бурдаанд ва муҳаббату самимияти ӯро ситоиш намудаанд. Шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ дар «Модарнома» - и хеш, ки саросар ашъори бенамуна ва нотакрореро дар васфи модар фаро мегирад, чунин мегӯяд:
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Аз сарвату зи шӯҳрат гар бар фалак занам сар
Таъзим мекунам боз дар пеши пойи модар.
Бузургони олам беҳуда нагуфтаанд, ки зеботарин фаришта, олитарин олиҳа, оқилтарин бону ва меҳрубонтарину нармдилтарин фард зан –модар аст. Бояд мо ба қадри ин ганҷинаи бебаҳо бирасему доимо омодаи хизматаш ба ҷон бошем. Имрӯз занону бонувони моро қадру манзалаташон дар ҳама соҳаҳо ба мушоҳида мерасад. Шоистаи таҳсинанд, зеро ба кадом соҳае, ки назар кунем, саҳми занону модаронро дар онҷо мебинем, ҳатто тозагии биною иншоотҳои бузург, роҳраву кӯчаҳои шаҳр корхонаву идораҳо ҳам маҳз бо дастони ин олиҳаи зебо тозаю озода мегарданд. Ин рафтори модарон дар тиннати мо дӯсдории зебогиву тозагӣ дар Ватанро талқин мекунад. Дар ҳақиқат хуби, зебоиву тозагии зиндагӣ мансуб ба зан-модар аст. Модарҷон, мо ба заҳмату ранҷу азоби ту то ба имрӯз расидем. Он ранҷу азобат, он заҳмату меҳнатат, он танҳоӣ он мушкилҳое, ки зиндагӣ аз сар гузаронидӣ, пеши чашмонам намоён мегардад, дилам пур аз ғам мешавад, ки барои мо чунин рӯзҳои сахтро бо умри ширинат иваз кардӣ. Пас, мо чаро ҳурмату эҳтироматро ба ҷо наорем, эй модари азобдидаам? Мо, фарзандон як умр хизмататро кунем, ба якшаба ранҷе, ки дар сари гаҳвораамон кашидаӣ баробар шуда наметавонад. Ман дар наздат қарздор ҳастам, модарҷон, зеро бароят хизмати шоистае накардаам ва бароят сухани волотарине нанавиштаам, эй қиблагоҳи умедам. Модар, ту азизи дили манӣ, ту аз ҳама шахси наздиктарини манӣ, ту зиндагиву орзуҳои манӣ. Шабу рӯз фикру ёди ман бо туст, эй модари ғамхори ман! Модар, номи некатро дар қалби худ ҷой кардам. Модар, миёни ҳама он муқаддасоте, ки посу азизашон медонанд, исми шарифи ту дар мадди аввал аст. Модар, ту бузургӣ, аз нигоҳи чашмони меҳрубонат умед мерезад, хасу хор, буттаву санг, гулу гиёҳ, боду борон кӯҳҳои сангину дарёи равон дар ҳастии дидори рӯйи ту аст. Эй ҷаннати Парвардигор дар рӯи замин! Ту василаи хушбахтии ҳаёти манӣ, зеро ту маро бизодӣ, баҳри ман шабҳо дар сари гаҳвораам нишаста, бехобӣ кашидӣ. Туро ёд кардам, модар! Аз ин дурӣ дилам шикастааст. Модар қиматарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, ҳимматбалантарин шахси башар аст. Канори модар худ мақсади аввалини ҳаёти мост. Мисли бӯи модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар мисли замин танҳо ва яктост. Модар дар ҳама ҳолат пайваста дар ёди фарзанд аст. Аз даст рафтани Модар барои фарзанд фоҷеаи хеле гарон аст. Модар, модар, каси баҳиммат бошад, Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад. Аз маҳзани панди он бигир арзонӣ , Фардо чӣ кунӣ, ки ганҷи қимат бошад. Зан модар ба қавли бузургон бо як дасташ гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад. Аз бисоти бузургаш ба фарзандон шири сафед медиҳад, то дар зиндагӣ роҳи сафеду бахти сафед ёраш бошад. Барои ба тарбият ба воя расонидан ва ба обрӯ гардиданаш кӯшиши зиёде мекунад. Даме тифлаш роҳгардон мешавад, модар мефахрад даме, ки аввалин сухани бузург-«Модар»-ро ба забон меорад, модар бештар хушҳол гашта мефахрад, ки чун муъҷизоти пурафзуни инсони комилро офаридааст. Танҳо модар аст, ки сахтиҳои зиндагиро ба мо қисмат мекунад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нӯр мепошад. Калимаи модар калимаест, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон як хел оҳанги навозишкорона дорад. Ту бузургӣ, модар! Хуршедро ҳар саҳар аз хоб бедор мекунӣ ва офтоб аз нури ту нӯр мегиранд, нури сафои моҳтоб ҳам, модар ба мисли чашмаест чашмаи оби ҳаёти инсон дар рӯи замин ба модар вобастааст. Модар боғбонест, боғбони моҳир ва ғамхори фарзандон. Модар қиблагоҳи бузургворам бо торҳои охирини мӯи сиёҳат низ сафедиҳо чун барф падид омадаанд. Ҳар гоҳ чун азми сафар мекунам бо кафи дуои худ садо мекунӣ «Роҳат сафед» ва дуоят, албатта мустаҷоб мегардад.
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон бар кашид.
Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳаёт равшандиҳандаи ҳар як хонадон, қуввату мадори дилҳои нотавонанд, ки дар ҳар як тапиши дил ба мо ақлу заковат, меҳру муҳаббат ва эъҷозу ҳикмату хираду сарват мебахшанд. Бузургии модар он аст, ки моро дарк карда метавонанд, вале аксари мо ба Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт, равшандиҳандаи ҳар як хонадон қуввату мадори дилҳои нотавонанд. Онҳо сабабгори ҳамаи афзалиятҳои зиндагианд. Модарон қуввати дилу ҷонанд, ки дар ҳар таппиши дил ба мо ақлу заковат, меҳру муҳаббат ва эъҷозу ҳикмату хираду сарват мебахшанд. Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ ҷароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: «Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан». Модарон дар рӯи замин сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт, муққадимаи ҳаловату осоишанд.Чи қадаре, ки фарзанд ба воя рассаду соҳиби унвон гардад, вале дар назди модар мисли кӯдаки навзод аст. Мо фахр аз он дорем, ки имрӯз занону модарон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатамон кор ва фаъолият намуда, дар рушду ҷомеа саҳмгузоранд. Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт, равшандиҳандаи ҳар як хонадон, қуввату мадори дилҳои нотавонанд, ки дар ҳар як тапиши дил ба мо ақлу заковат, меҳру муҳаббат ва эъҷозу ҳикмату хираду сарват мебахшанд. Бузургии модар он аст, ки моро дарк карда метавонанд, вале аксари мо ба қадри ин намерасем. Азизон! Модарон беҳтарин ганҷинаи ноёбу нотакроранд. Онҳо беҳтарин дороии ҳаётанд, ки барои ба дунё омадану ба камол расидани насли оянда хизмати арзанда мекунанд. Фарзанд дар оила зери тарбияи падару модар ҳамчун шаҳрванд ва шахсият ба камол мерасад ва дар ин раванд нақши тарбияи фарзанд дар оила хусусияти тоза касб мекунад, яъне ба дӯши модар дар баробари меҳрубонию ғамхорӣ, чароғу гармии хонадон будан боз рисолати устодӣ зам мешавад. Дар ҳама давру замонҳо мардони ғаюрро маҳз модарони матиниродаю боаҳамият зодаю парваридаанд. Рисолати оила назди Худованду ҷомеа ба дунё овардани фарзанди солиму ба солеҳӣ расонидани ӯст. Бе муҳаббату самимият хуб тарбия намудани фарзанд амри маҳол аст. Агар фарзандро дӯст надоранд, чаро ӯро ба дунё меоранд? Таваллуди фарзанд иқдомест оғӯшта ба масъулияти азим, зеро модар ба фарзанд натанҳо зиндагӣ, балки хушбахтӣ низ ато менамояд. Аз нигоҳи таҳлилҳои илмӣ 90%-и феълу атвори кӯдак дар давоми то 5-солагӣ ташаккул меёбад. Дар ин замина «Каҷ ниҳодани хишти аввал» нақши меҳварӣ пайдо мекунад ва масъулияти модаронро боз ҳам боло мебарад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургию беназирии модарро ситоиш намуда гуфтаанд: «Бешак дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравии босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳарчи бештари фарзандони хуб тарбия хоҳад ёфт». Модарҷон! Оҷизӣ мекашам назди меҳрубонию навозишҳои ту, назди бузургиат. Соатҳо ситоишат созам, моҳҳо бароят бихонам, солҳо васфат намоям, ҳама ночиз аст. Модарҷон! Ту фариштаи поку нозанинӣ! Аз фурссати муносиб истифода бурда, модарони меҳрубону ғамхорам, ҳастии ҳаётам, пораи ҷонамро, ҳамзамон тамоми модаронро бо Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, ба онҳо аз даргоҳи илоҳӣ тамоми хушиҳои зиндагиро тамано дорам.
Курсанти курси 4-ум, гурӯҳи таълимии 403,
факултети 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии
Тоҷикистон, сержанти милитсия,
Ҷамолзода Фаридун