Маориф - калиди пешрафту шукуфоии кишвар
Имруз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар асоси дастуру супориши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. санаи 29 феврали соли 2024 аз тарафи омузгорони кафедраи ФОҶ МКД факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15, ноҳияи Б.Ғафуров, бо хонандагони синфҳои 9 - 11 муассисаи таълимии мазкур дар партави Паёми Пешвои муаззами миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ доир гардид.
Зимни вохӯрии мазкур оид ба Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олӣ ва эълон намудани соли 2024 – соли «Маърифати ҳуқуқӣ» аз тарафи омузгорон баромадҳо карда шуд.
Дар баромади худ муаллими кафедраи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ МКД, лейтенанти калони милитсия Ревазода М.Р. доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олӣ оид ба вазъи кунунии донишандӯзии донишҷӯён ва нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи ҷавонон, забонӯмозии наврасону ҷавонон, инчунин эҳтироми падару модар, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ китобхонӣ «Фурӯғи субҳи доноӣ», барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангӯ шудан ва гузоштани саҳми арзандаи худ гуфта гузаштанд.
Инчунин, лейтеанти милитсия Муродзода Ф.Ғ. муаллими кафедраи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ МКД, оид ба роҳҳои пешгири ва муайян намудани сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ ибрози ақида намуда, қайд карданд, ки имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ вазифаи дастаҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамоянд, айни замон террористон аз имкониятҳои техникаи муосир васеъ истифода бурда, худашон дар давлатҳои ҷангзада қарор дошта аз он ҷой истода тавассути барномаҳои интернетӣ ба ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористӣ машғул мебошанд ва инчунин оид ба истифода набурдани телефонҳои мобилӣ имконияташ васеъ ба хонандагон барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, истифодаи телефонҳои мобилӣ, ҳушёрии сиёсӣ, бехатари шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва тарзи нодуруст қабул ва ирсол кардани паёмакҳо баромад намуда ба хонандагони зарурияти ин масъаларо фаҳмонда дода шуд.
Инчунин, директори мактаб Усмонов Н.Н. дар фарҷоми вохӯрӣ оид ба ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ ба таълиму тарбияи ҷавонон таъсири калон расонида, онҳоро дар руҳи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ худогоҳи миллӣ ва соҳибмаърифатӣ тарбия намудан миннатдории хешро баён намуданд ва аз тарафи хонандагони мактаби мазкур саволу ҷавоб карда шуд, ки ба саволҳои хонандагон ҷавобҳо дода, онҳоро барои эҳтироми муқаддасоти Тоҷикистон, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, ҳифзи марзу буми ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат ва соҳибкасбу соҳибҳунар гардидан даъват намуд,
Муаллими кафедраи ФОҶ МКД, факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия Ревазода М.Р.
Муаллими калони кафедраи ФОҶ МКД, факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Ибрагимзода Ҷ.И.