Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ФАКУЛТЕТИ № 4

544Санаи 23.02.2024 дар майдони сафороии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба муносибати 31 – умин солагарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ полковники милитсия Ғафурӣ М.С., муовини сардори ситоди қисми ҳарбии 3501 Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Нурзод М.М., ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантон баргузор гардид.545
Чорабинии мазкурро сардори факултет н.и.ҳ., полковники милитсия Ғафурӣ М.С., ҳусни оғоз бахшида сараввал ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаро аз номи вазири корҳои дохилӣ, д.и.ҳ., генерал полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., ва сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А., самимона табрик намуданд. Сардори факултет н.и.ҳ полковники милитсия Ғафурӣ М.С., зимни баромадашон қайд намудан, ки «Артиши миллӣ дар душвортарини рӯзҳо, дар давраи авҷи шадиди ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфтааст ва ҳайати шахсии он дар чандин муҳорибаҳои мусаллаҳона ва амалиётҳо иштирок намуда таҷриба андӯхта имрӯз ба яке аз артишҳои пурқудрат табдил ёфааст». Инчунин муовини сардори ситоди қисми ҳарбии 3501 Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Нурзод М.М., ҳозиринро ба муносибати 31 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Ҳамзамон дар ин чорабинии идона як қатор курсантони фаъол аз номи сардори факултет бо ифтихорномаю сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Чорабинии мазкур бо гузашти низомии гурӯҳи байрақбардорон, ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи факултет ҳусни анҷом бахшида шуд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...