Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

1002Санаи 22 феврали соли 2024 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили 31 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.1003
Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ сардори Академия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло оғоз бахшида, аҳли нишастро шодбош гуфтанд.
1004Сардори Академия иброз доштанд, ки имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон дар остонаи таҷлили муҳимтарин рукни давлатдории миллии хеш, яъне 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии кишварамон қарор дорем. Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томи он ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат менамоянд.1005
Ҳамагон хуб дар ёд дорем, ки иқдоми қотеъонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди артиши миллӣ дар шароите гузошта шуд, ки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон дар оташи ҷанг месухт ва хатари нобудии сиёсӣ миллату давлатро таҳдид менамуд.
Маҳз дар чунин шароит, бе назардошти меросбарӣ аз ҳукумати Шуравӣ ва набудани базаи модди-техникӣ, аз пояи сифр ба таъсиси артиши миллӣ заминаи ҳуқуқӣ ва амалӣ гузошта шуд.
1006Бо вуҷуди ҳама душвориҳо, роҳи тайнамудаи артиши кишвар як мактаби бузурги ҷавонмардӣ, садоқату самимият ба халқу Ватан ва Президент мебошад, ки тадқиқи сатҳи илмию академиро тақозо дорад. Ҳоло Қувваҳои мусаллаҳ ба сохтори муташаккили ҳарбӣ ва таъмингари суботу оромии кишвар табдил ёфта, аз ҷумла ҳайати шахсии он имрӯз бо интизоми баланди ҳарбӣ, азму иродаи қавӣ, донишу малакаи муосир ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ хизмати модар - Ватанро анҷом дода истодаанд.
Дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза дар назди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат вазифаҳои бисёр ҷидди, аз ҷумлаи муқовимат бо таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ ба асосҳои истиқлолият ва амнияти кишвар қарор доранд, ки ҳалли онҳо аз ҳар яки мо хизматчиёни ҳарбӣ иродаи матин, зиракии сиёсӣ, кордонӣ ва садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.
Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022, дастури Пешвои муаззами миллат вобаста ба таҳияи “Консепсияи мудофиаи миллӣ”, ки дар Паёми солонаи Сарвари давлат садо дод, далели возеҳи тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон ва таъмини амнияти кишвар аз таҳдиду хатарҳои муосир мебошошад.
Имрӯзҳо дар тамоми ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ, бо супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро, чорабиниҳои идона, бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ бо тантана ҷараён доранд. Баргузории чунин чорабиниҳо, бори дигар таҷассумкунандаи эҳтироми баланди давлату Ҳукумат ва сокинони сарбаланди Тоҷикистон ба кору пайкори Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷодаи таъмини якпорчагии кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад.
Ҳамзамон, дар доираи Ҷамъияти илмии курсантони «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ», бахшида ба таҷлили 31 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҶумҳурииТоҷикистон маҳфили илмӣ-амалӣ баргузор гардид. МОДЕРАТОРИ маҳфил Раҳамадҷонзода Рифат Раҳмадҷон – муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия буда, суханронии Мансурзода Амиршо Мансур – сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия шунида шуд.
Сипас, омӯзгорони кафедра ва аъзоёни маҳфил бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Самиъзода Бахтиёр Салим – дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, подполковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Артиши миллӣ ва иқтидори мудофиавии он», Бойзода Ҷамшед Ҷумабой – дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, полковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Ҳикмати ватандорӣ», Султонзода Вамариҷ Иброҳим – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, подполковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Артиши миллӣ – сипари боеътимоди Ватан», Зарифов Муҳаммадҷон Ҳусейнович - курсанти курси 1-уми гуруҳи таълимии 109 факултети №2, маърӯза дар мавзуи «Артиш-такягоҳи боеътимоди Ватан», Давлатов Тимур Сафарбекович - курсанти курси 1-уми гуруҳи таълимии 109 факултети №2, маърӯза дар мавзуи «Хизмати модар – ватан шараф аст», Ҷураев Фаррухҷон Фахридинович - курсанти курси 1-уми гуруҳи таълимии 104 факултети №2, маърӯза дар мавзуи « Артиши миллӣ - зодаи даврони Истиқлол», Муродов Илёс Маҳмадқулович - курсанти курси 1-уми гуруҳи таълимии 102 факултети №2, маърӯза дар мавзуи «Артиши миллӣ кафили сулҳу амният ва осудагии мардум аст».
Дар анҷоми чорабинӣ сардори Академия ба курсантони фаъол ва иштирокчиёни маҳфил китобҳои тозанашри ҳайати профессорону омӯзгорони Академияро тӯҳфа намуданд.
Омзгори Академияи ВКД,
Бойзода Ҷ. Ҷ., Саидзода М.А.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...