Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИЮ ВАТАНДУСТИ

995Паёми Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат (28-уми декабри соли 2023) «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа шуд, ки дар раванди он Пешвои муаззами миллат ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд.996
Дар партави Паёми Пешвои муаззами миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 22-уми феврали соли 2024 аъзоёни кафедраи "Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуи"-и факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагони МТМУ №16-и ноҳияи Б.Ғафуров шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ гузарониданд.
997Зимни вохӯрӣ муаллими калони кафедраи Фаъолияти оперативӣ ҷустуҷуи подполковники милитсия Абдураҳмонзода Ином Илҳом оғози сӯҳбаташро аз суханрониҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад» шурӯъ намуд.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ Абдураҳмонзода Ином Илҳом қайд намуд, ки риояи ҳуқуқ аз сатҳи маърифати ҳуқуқи шахс муайян мегардад. Маърифати ҳуқуқӣ бояд дар тасаввуроти ҳар як фарди хештаншинос нақш бандад.
Пӯшида нест, ки ҳамасола мутаассифона ҷинояткорӣ ҷавонтар мегардад, зеро сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон хело коста гардидааст ва барои баланд бардоштани он ҳамарӯза зарур аст, ки кӯшиш ба харҷ диҳем. Ҳадаф аз вохӯрии имрӯза низ ташаккули дурусти маърифати ҳуқуқӣ, бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, пос доштани анъанаҳои миллӣ мебошад.
Муаллими кафедраи "Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуи "-и факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия Муродзода Фарҳод Ғайрат ҳангоми сӯҳбат бо хонандагони МТМУ №16 оид ба пешгирии шомил шудани ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ибрози ақида карда, чунин қайд намуд, ки асоси тарбияи ватанпарастиро омӯзиш ва гиромидошти мероси таърихию фарҳангӣ ва арзишу суннатҳои он, муҳофизати муҳити зист, рушди ҳисси миллии ноболиғону ҷавононро маърифати ҳуқуқӣ ифода менамояд.
Хавфу хатари кирдорҳои манфури ташкилоти экстремистӣ-террористӣ, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардида, ҷони беш аз 150 ҳазор тоҷикистониро ба коми худ фурӯ бурд, то ҳол аз ёди мардуми нарафтааст.
Бавуҷудоии экстремизм ва рушди он, ки оқибат ба терроризм мубаддал мегардад, нигароникунанда аст. Ҳаминро бояд қайд кард, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ пойдеворе ҷиҳати муқовимат кардан ба экстремизму терроризм буда, садоқатмандии ҳар фарди ҷомеаро ба ватани хеш ифода менамояд.
Дар поёни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки ғамхории Ҳукумату давлат, хусусан - Сарвари давлат ба хотири рушди соҳаи илму маориф, маърифату фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани сатҳи саводи ноболиғону ҷавонон, ҳисси ватанпарстӣ, арҷгузорӣ ба таърихи ниёгонамон аст.

Муаллими кафедраи ФОҶ МКД
факултети №4 Академияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти милитсия Муродзода Ф. Ғ.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...