Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИЛИТСИЯ ҲОМИИ ТАРТИБОТ

539Санаи 20.02.2024 мутобиқи фасли 4 банди 3 нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фасли 4 банди 1 нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 бо иштироки ҳайати профессорону омузгорон ва курсантони аъзои маҳфилҳои ҷамъияти илмии Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ дар мавзӯи «Милитсия ҳомии тартибот» ташкил ва гузаронида шуд.540
Чорабинии мазкурро муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим, н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю., кушода эълон намуда аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба раванд, мақсад ва мароми ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдрас намуда, қайд карданд, ки мақомоти корҳои дохилӣ имруз дар соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ мақоми хоссаро касб менамояд ва мову Шумоёнро зарур аст, баҳри беҳтару хубтар омода намудани мутахассисон дар ин самт кушишҳои худро ба маротиб зиёд гардонем.
541Ҳамчунин тибқи барнома дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ подполковники милитсия Муҳаммадзода Н.Д., дар мавзуи «Вооружённые Силы СССР», муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ подполковники милитсия Абдусатторзода Н.А., дар мавзуи «Масъулияти баланди хизматии милитсия оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» баромад карда иброз намуданд, ки милитсия дар ҳама давру замон ҳомии тартибот буда, ҳамаи фаъолияташ дар асоси қонуну дастурамал мебошад. Бинобар ин мо – кормандони мақомоти милитсияро зарур аст, ки дар ҷавоб ба дастгириҳои доимии Ҳукумат, махсусан Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо намуда, ба хотири рушди рӯзафзуни кишвари биҳиштосоямон ҳамчун созандагони фардои Ватан хизмати арзанда ба ҷо орем.542
Донишҷӯи бахши сеюми факултети таърих ва ҳуқуқи МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, Ниёзов Муллосаид дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар ташкил ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуда қайд намуд, ки талошҳои пайвастаи мо ҷавонони имрӯза ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки мо ҷавонон бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар намоем. Дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мо ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи худ шуморида, дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо нагузорем, ки фазои софу беғубори Ватани азизамонро афкору андешаҳои гуруҳҳои тундраву ифротгароӣ ғуборолуда созад.543
Курсантони курси сеюм милитсияи қаторӣ Холиқов Меҳрдод дар мавзуи «Милитсия ҳимоятгари халқу Ватан» ва милитсияи қаторӣ Хушнудзода Оятулло дар мавзӯи “Таърихи пайлдоиши Артиши миллӣ” маъруза намуданд.
Дар охири мизи мудаввар профессорону омӯзгорон ва аз ҷумла аъзоёни ҷамъияти илмии курсантон фаъолона иштирок намуда, вобаста ба мавзуҳои баррасишаванда баҳсу мунозираҳо намуданд.
Сангинов Ихтиёрҷон Баҳодурович - сардори кабинети кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...