Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илми ҳарбӣ дар ташаккули давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол

536Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф карда шудааст ва дар баробари ин уҳдадории давлатро бо мақсади таъмини он муқаррар намудааст. Ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда мешаванд ва таҳти ҳимоя қарор мегиранд. Инсон ва шаҳрванд ба ғайр аз ҳуқуқу озодиҳо боз дорои уҳдадорӣ ва вазифаҳои ба худ хосро доро мебошанд. Тибқи талаботи моддаи 43 Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати он давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.537

Воқеан такя кардан ба неруҳои зеҳнӣ ифодаи бебаҳси эҳтиром ва арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба таъриху тамаддун ва илму фарҳанги миллатамон мебошад. Дар ин самт бояд таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи пешгирифтаи худ соҳаи маориф ва илмро яке аз самтҳои стратегии муҳими давлату миллат қарор додааст.
538Заминаҳои ҳуқуқии рушди илми ҳарбӣ дар Тоҷикистон - “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ”Дар бораи мудофиа”, “Дар бораи ӯҳдадории умумии хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи силоҳ”, “Дар бораи омодагии сафарбарӣ ва сафарбарӣ”, “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ”, “Дар бораи фармоиши давлатии мудофиа” мебошанд, “Дар бораи савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президент”, “Дар бораи разведкаи ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Оиномаҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Дар воқеъ такя кардан ба илми ҳарбӣ бо назардошти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба поягузории давлати навин ва иқтидори мудофиавии кишвар манфиатовар мебошанд.
Илми ҳарбӣ низ дар ташакули давлати Тоҷикистон, аниқтар барои дар сатҳи омодабошии ҷангӣ қарор додани сохторҳои қудратӣ арзиши зиёд дорад.
Бояд қайд кард, ки барои ба низом даровардани Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Вазорати корҳои дохилӣ (Раёсати қушунҳои дохилӣ ва Раёсати ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъиноти махсус), яке аз шохаҳои асосии он ба ҳисоб рафта, тибқи нақшаҳо, супоришҳои ҷангӣ, низомномаҳо, оиномаҳо, дастурамалҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои хизматии дар сохторҳои ҳарбӣ интишор шаванда, роҳандозӣ ё амалӣ карда мешаваанд.
Илми ҳарбӣ – ин низоми донишҳо дар бораи хусусиятҳои дурнамоидошта ва қонуниятҳои ҷанг, роҳҳои пешгирии он, бунёд ва омодабошии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кишварро ба ҷанг, қонуниятҳо, роҳҳо ва усулҳои бурдани муборизаҳоро дар бар мегирад. Ҳамзамон илми ҳарбӣ вобастагии муборизаҳои мусаллаҳонаро тадқиқ менамояд;
- муносибатхои иқтисодӣ, ахлоқӣ- сиёсӣ, илмӣ- техникӣ ва имкониятҳои нозоми тарафҳои ҷангкунанда;
- ҳайат, ташкил ва таҷҳизоти техникии Қувваҳои Мусаллаҳ;
- шаклу усулҳои идоракунӣ (роҳбарӣ) бо қӯшунҳо дар замони осоишта ва ҷанг;
- таълиму тарбияи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, тайёрии ҷангии аҳолии кишвар ба мудофиа.
Дар марҳилаи муосир, мушкилоти пешгирии ҷанг, нигоҳдории он бо воситаҳои қудратӣ ва фаъолиятҳои мақсадноки роҳбарони давлатҳо ва созишномаҳои ҷаҳонӣ, ҳамчунин обеъкти илми ҳарбӣ гардидааст.
Ба фаҳмиши умумии илми ҳарбӣ агар назар афканем, ки дар як давраи таърихӣ (давраи ғуломдорӣ дар Миср, Форс, Хитой, Юнон ва Рим) пайдо шуда, соҳаи алоҳидаи интизомӣ ва шартгузорӣ (аломатгузорӣ) дар самти ҳарбӣ ба ҳисоб меравад. Дар давраи муаян ин илм ривоҷу равнақ ёфта, нерӯҳои истеҳсолии ҷомеа, силоҳ ва таҷҳизотҳои низомӣ, идоракунии артиш ва ташаккулёбии онҳо мураккаб гардида, аммо ба таҷрибаи таърихӣ дар тиҷорати ҳарбӣ зам мегардиданд. Ҳамаи инҳо дар маҷмӯъ ба назария ва амалияи системаи илми ҳарбӣ поягузорӣ намуданд.
Дар давраи империя Россия илми ҳарбӣ ба ду шохаи асосӣ ҷудо мешуд, яъне қисми асосӣ ва илм дар бораи ҷанг тақсимбандӣ мешуд:
Санъати ҳарбӣ;
назарияи санъати ҳарбӣ;
тактика;
стратегия;
таърихи санъати ҳарбӣ;
таърихи ҷанг;
таърихи санъати ҳарбӣ;
таърихи қӯшун;
таърихи муассисаҳои ҳарбӣ;
ҳуқуқи ҳарбӣ;
ҳарбӣ - ҳуқуқи маъмурӣ;
ташкили қӯшун;
ҷобаҷогузории қӯшун;
роҳбарии қӯшун;
хоҷагидории ҳарбӣ;
ҳарбӣ - ҳуқуқӣ ҷиноятӣ;
ҳуқуқи моддӣ;
ҳуқуқи шаклӣ - расмият (формалӣ).
Сохт (структураи)-и илми ҳарбӣ:
Илми ҳарбӣ - табии
Илмҳои ҳарбӣ - иҷтимоӣ
Илмҳои ҳарбӣ – техникӣ

Ба илми ҳарбӣ - табии дохил мешаванд:

1.Маҳалнигории ҳарбӣ (топография) 6. Тибби ҳарбӣ
2.Геологияи ҳарбӣ 7. Авиатсияи ҳарбӣ
3.Ҷуғрофияи ҳарбӣ 8. Геофизика
4.Экологияи ҳарбӣ 9. Физикаи ядроӣ
5.Метеорологияи ҳарбӣ 10. Химияи ҳарбӣ.

Ба илмҳои ҳарбӣ - иҷтимоӣ дохил мешаванд:

1. Ҷомеъашиеосии ҳарбӣ 6. Итиоолтомӯзии ҳарбӣ
2. Фалсафаи ҳарбӣ 7. Ҳуқуқи ҳарбӣ
3. Иқтисоди ҳарбӣ 8. Таърихи ҳарбӣ
4. Равоншиносии (психологияи) ҳарбӣ 9. Идоракунии ҳарбӣ
5. Педагогикаи ҳарбӣ 10. Сохтмони ҳарбӣ.

Ба илмҳои ҳарбӣ - техникӣ дохил мешаванд:

1. Илми ҳарбӣ - муҳандисӣ 4. Илми ҳарбии авиатсионӣ
2. Илми ҳарбӣ – информатика 5. Илми ҳарбии кӯҳнавардӣ
3. Илми ҳарбӣ – радиоэлектроника 6. Кибернетика ҳарбӣ.

Таърихи ҳарбӣ, қисмати таркибии илми таърихиест, ки таърихи ҷанг ва санъати ҳарб, роҳу омилҳои асосии рушди Қувваҳои мусаллаҳ ва аслиҳа, таҷрибаҳои низомии фаъолияти давлату халқҳо, фаъолияти афсар-сардорону сарлашкарон, ҳамзамон соҳаҳои дигари корҳои ҳарбиро меомӯзад.
Сарлашкарони бузург ва арбобони давлатии сиёсию ҳарбии халқи тоҷик ба монанди - Куруши Кабир, Спитамен, Деваштич, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Садридддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон (Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон), Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Мирзо Турсунзода ва Тошмуҳаммадов Мастибек ба поягузории давлати тоҷикон ва илми ҳарбӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Шукрихудои Айдархонзода, шунавандаи факултети №1
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...