Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машғулияти таълимӣ-амалии курсантон дар Муассисаи ислоҳӣ

53218-уми феврали соли 2023 курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи ислоҳии (низмомаш пурзӯр) СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, ҳамчун машғулияти таълимӣ – амалии фанни “Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ”, ки дар Академияи номбурда омӯзонида мешавад, бевосита аз фаъолияти муассисаи мазкур дидан намуданд.533
Машғулияти мазкур аз тарафи омӯзгори ҳамкори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академия, ҳамзамон, сардори Раёсати иҷрои ҳукмҳо ва қайди махсуси СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники хизмати дохилӣ Ғозизода Ворис Рамазон ва сардори кафедраи номбурда, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Ҳусейнзода Сино Ҳотамӣ ва кормандони сохторҳои дахлдори муассисаи зикргардида, гузаронида шуд.
534Бояд зикр намуд, ки мутобиқи моддаи 129 КИ ҶҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар колонияҳои ислоҳии низоми пурзӯр мардоне, ки бори аввал барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои вазнин ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, муҳлати ҷазоро адо мекунанд.535
Машғулияти амалӣ аз утоқи кории шуъбаи қайди махсус ва оид ба фаъолияти ин шуъба оғоз гардида, минбаъд бо тартиби қабули маҳкумшудагон, бо парвандаи шахсии маҳкумшудагон, тартиб додани маводи маҳкумшудагоне, ки нисбаташон табобати маҷбурӣ аз нашъамандӣ ва майзадагӣ, инчунин маҳкумшудагоне, ки нисбаташон мувофиқи ҳукми суд товони зарар муқаррар карда шудааст, омода намудани маводҳо дар бораи пешниҳод намудани бахшиши ҷазо, оид ба бақайдгирии парвандаҳои шахсии нуқсондор ва ғайраҳо, шиносоӣ пайдо намуданд.
Дар дохили муассиса аз бинои вохурии кутоҳмудат ва тартиби гузаронидани ин намуди вохурӣ, муҳлати гузаронидани вохурӣ, шиносоӣ пайдо намуданд.
Ҳамзамон, ба бинои навъи камеравӣ ва тавқифгоҳи ҷаримавӣ дохил шуда, аз рафти нигоҳдошти маҳкумшудагоне, ки бо қарори сардори муассиса барои вайрон намудани тартиботи дохилии муассиса ворид шудаанд, оид ба муҳлати нигоҳ доштани маҳкумшудагон дар дохили бинои навъи камеравӣ ва тавқифгоҳи ҷаримавӣ аз наздик дидан намуданд.
Курсантон ба минтақаи истеҳсолӣ рафта, оид ба кор ва фаъолияти маҳкумшудагоне, ки ба меҳнат ҷалб карда шудаанд, инчунин шароити меҳнат ва тартиби пешбурди фаъолияти меҳнатӣ ошно гаштанд. Дар баробари ин, ба минтақаи зисти маҳкумшудагон дохил гардида, аз хобгоҳ, масҷид ва клуби дастаи ҳаваскорнони муассиса дидан намуданд.
Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин барои таъмини системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мутахассис омода менамояд. Ба курсантони мазкур олимон ва мутахассисони амалияи ВКД ва СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронанд.
Ҷиҳати бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ба курсантони зикргардида аз фанни ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ олимони Академия ва мутахассисони СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники мустаъфӣ Ҷӯраев Толиб Мустафоқулович, майори хизмати дохилӣ Мирзоев Аҳмадҷон Раҳмонович ва подполковники хизмати дохилӣ Ғозизода Ворис Рамазон, машғулиятҳои назариявӣ ва амлиявиро баргузор менамоянд.
Мутахассисони мазкур бо ташаббусу ҳамкории судманди бевоситаи роҳбарияти аввали СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академия машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро дар сатҳи баланди касбӣ баргузор менамоянд.
Муттаҳидии донишҳои назариявӣ ва амалӣ ҳама вақт ба такмилу такомул ва сатҳу сифати таълим мусоидат карда ҷаҳонбинии шогирдонро боло мебарад ва боварӣ дорем машғулияти имрӯза барои шогирдон фаромӯшнашаванда хоҳад буд!

Носир Назарзода-полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...